Барқияи табрикотии Э.Раҳмон ба Амири Давлати Қатар

Date:


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла зикр мегардад, ки «боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умур ба ҳайси Амири Давлати Қатар сидқан табрику таҳният гӯям ва бароятон дар сарварии кишвари ба мо дӯст дар марҳилаи навини рушду шукуфоӣ комёбӣ орзу намоям».

«Бо истифода аз ин фурсати фархунда изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд минбаъд низ бо талошҳои пайгирона ба манфиати ду кишвар густариш хоҳанд ёфт», – гуфта мешавад дар барқия.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related