Президент: Ба фаромӯш кардани сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳуқуқи маънавӣ надорем

Дар Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди 16-уми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамагонро ба посдори арзишҳои волои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, оромию […]

ASIA-Plus


Дар Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди 16-уми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамагонро ба посдори арзишҳои волои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, оромию субот ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.

Дар суханронӣ, аз ҷумла бо ёдоварӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ва вазнинию душвориҳои касношуниди расидан ба сулҳу созиш, таъкид гардид: «Мо ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ ва маънавӣ надорем, ки он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор фарзандони Ватан, бепадар мондани ҳазорон ҳазор кӯдакон, бефарзанду бесаробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишвари ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем. Сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эхтиёт намоем».

Гуфта мешавад, тантанаҳои бошукӯҳи иди Ваҳдати миллӣ бо барномаи театрикунондашудаи саршор аз саҳнаҳои арҷгузорӣ ба фазои сулҳу осоиши Ватани азиз ва базму тарабу дилхушӣ идома ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.