ВКД: Журналист М.Исмоилов ба тамаъҷӯӣ гумонбар аст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба боздошти собиқ журналисти назетаи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов изхороти расмӣ пахш намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, рӯзи 24.06.с.2013 ба ШВКД дар ноҳияи Ашт шаҳрванд Аҳадова Санавбар Абдуғаффоровна соли таваллудаш 1974, сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21.06.с.2013 дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба боздошти собиқ журналисти назетаи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов изхороти расмӣ пахш намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, рӯзи 24.06.с.2013 ба ШВКД дар ноҳияи Ашт шаҳрванд Аҳадова Санавбар Абдуғаффоровна соли таваллудаш 1974, сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21.06.с.2013 дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф Абдуғаниевич соли таваллудаш 1960, сокини кӯчаи М.Воҳидови ноҳияи мазкур, рӯзноманигори рӯзномаи «Нигоҳ» дар ноҳияи Ашт, аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100-сомонӣ талаб намуда гирифтааст. Сипас такроран рӯзи 24.06.с.2013 Исмоилов М.А. барои нашр накардани ин маълумотҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб намудааст.

Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф Абдуғаниевич баъди гирифтани маблағи пулии 400-сомонии бо роҳи тамаъҷӯӣ талабнамудааш дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шуд. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 250, қисми 1 КҶ ҶТ парванди ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи ноябри соли соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир наудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.

Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ӯро дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣдӣ намуда, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам ва 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул гардидан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.