Палатаи поёнии парлумон ба таътил мебарояд

Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ҷаласаи хотимавии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуда, дар он аз фаъолияти парлумон натиҷагирӣ мешавад. Мутобиқи регламенти МНМО ҶТ, вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар аз 1-уми июл ба таътил рафта, аз рухсатии навбатии худ истифода мекунанда ва ҳамчунин бо […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ҷаласаи хотимавии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуда, дар он аз фаъолияти парлумон натиҷагирӣ мешавад.

Мутобиқи регламенти МНМО ҶТ, вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар аз 1-уми июл ба таътил рафта, аз рухсатии навбатии худ истифода мекунанда ва ҳамчунин бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳо вохӯриҳо доир менамоянд.

Иҷлосияи навбатии панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябри соли равон ба кор оғоз мекунад.

Аммо аввали моҳи август даъвати ҷаласаи навбатии муштараки ҳарду палатаи парлумон дар назар буда, дар он санаи баргузории маъракаи интихоботи президентӣ эълон мегардад.

Мувофиқи Сарқонуни Тоҷикистон, санаи баргузории интихоботи президенти кишвар дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумон се моҳ қабл то баргузор шудани интихобот эълон карда мешавад. Маъракаи интихоботи президентии ахир дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 2006 доир гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.