Харҷи беш аз 100 млн. сомонӣ ба иншооти ҷашнии пойтахт

Date:


Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ бинои мактаби таҳсилоти умумӣ бо 320 ҷойи нишаст, беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, варзишгоҳҳо бо майдони умумии ҳудуди 5 ҳазор метри мураббаъ ва зиёда аз 3 километр роҳҳои таъмиру азнавсозишуда мавриди истифода қарор гирифтанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи мақомоти шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, барои бунёди иншооти мазкур аз буҷети шаҳр ва аз ҳисоби воситахои соҳибкорони хусусӣ беш аз 101 млн. сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.

«Бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, маросими тӯйи хатнасури 221-нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ки шоми 26-уми июн ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар МД «Боғи пойтахт» доир гардид, анънавӣ шуда, минбаъд ҳамасола рӯзи 26-уми июн дар ҳамин боғ баргузор карда мешаванд», – таъкид кард Саидов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...