Мутахассисони соҳаи маориф китобҳои дарсиро бесифат хонданд (садо)

Китоби «Адабиёти тоҷик» барои хонандагони синфи 5 (соли 2008), ки дар таҳияи Тӯйчӣ Мирзод, Розиқ Ҳамидов ва Мирзохӯҷаи Пирзод бо теъдоди 125000 нусха, бо маблағи қарз нашр шуда, мавриди истифода қарор дорад, ба меъёру талаботи таълим ҷавобгӯ нестанд. Ин аст андешаи бархе аз адабиётшиносон ва омӯзгорон, ки ҳамчунин сифати чопи китобҳои дарсиро қонеъкунанда арзёбӣ накарданд. […]

Синои Фараҳбахш


Китоби «Адабиёти тоҷик» барои хонандагони синфи 5 (соли 2008), ки дар таҳияи Тӯйчӣ Мирзод, Розиқ Ҳамидов ва Мирзохӯҷаи Пирзод бо теъдоди 125000 нусха, бо маблағи қарз нашр шуда, мавриди истифода қарор дорад, ба меъёру талаботи таълим ҷавобгӯ нестанд.

Ин аст андешаи бархе аз адабиётшиносон ва омӯзгорон, ки ҳамчунин сифати чопи китобҳои дарсиро қонеъкунанда арзёбӣ накарданд.

Рӯзноманигор ва омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик Убайдуллоҳ Хӯҷаёров бо таассуф аз сифати пасти табъу нашри китобҳои дарсӣ ба ОИ «Азия-Плюс» ёдовар шуда, афзуд: «Китобҳои «Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 8 ва 9 ва китобҳои «Адабиёти тоҷик» барои синфҳои 5 ва 9 хели нафис буда, дар соли дуввуми таҳсил истифода кардани онҳо ғайриимкон мегардад. Бар замми ин, китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфи 5 саропо ғалат аст. «Адабиёти тоҷик», ки барои хонандагони синфи 9 пешбинӣ шудааст,  аз камбудии қаблан зикршуда орӣ нест. Бояд масъулин доир ба ин масъала чораҳои таъхирнопазир андешанд, чунки он ба вусъати дониши толибилмон халал мерасонад».

Адабиётшиноси шинохта  Мубашшир Акбарзод андешаи Убайдуллоҳ Хӯҷаёровро ҷонибдорӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, китоби «Адабиёти тоҷик», ки барои хонандагони синфи 5 таълиф шудааст, бо иллати ба меъёри омӯзиш ҷавобгӯ набуданаш, набояд истифода шавад. Номбурда афзуд: « Дар воқеъ, ҳар кӣ бо дидаи инсоф ба ин силсилаи ғалатҳо нигарад, дилаш аз мактабу маориф хоҳад монд ва ба ҳоли устодону шогирдони мактаби миёна хоҳад гирист. Ҳайф аст, ки тақдири ояндагони миллат ба дасти нокордидагон, ки натиҷаи корашон ба ҷуз афсӯс нест, супорида шавад».

Аммо Тӯйчӣ Мирзод – яке аз муаллифони китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфи 5 хатоҳои дар китоб ҷойдоштаро иштибоҳи ҷузъӣ номид. «Китобҳои таълифнамуда ба меъёри имрӯзаи донишандӯзии толибилмон ҷавобгӯ буда, дар таълифи китоб умдатарин  талаботи тадрис ба инобат гирифта шудааст. Дар китобҳои дарсии пешин шеваи пешниҳод аз ҷониби муаллифон мувофиқи матлаб набуда, толибилмон дар дарки мазмуну мӯҳтавои баъзе аз мавзӯъҳо азият мекашидаанд», – гуфт муаллифи китоб.

Лозим ба ёдоварист, ки доир ба ҳусну қубҳи китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфи 5  маќолаи М. Акбарзод таҳти унвони «Ҳайфи зар бошад ба дасти мисгарон» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва дар китоби «Сухан з-осмонҳо фурӯд омадаст» (Душанбе “Адиб”­-2008) ба табъ расида, дар он андешаву бардошти адабиётшинос пешниҳод шудааст.

Аммо Тӯйчӣ Мирзод андешаву пешниҳоди дар мақолаи ироадоштаи Акбарзодро қабул надорад. Зимни сӯҳбат Тӯйчӣ Мирзод афзуд: «Дар он мақолаҳо ягон пешниҳоди ҷолиб нест. Агар китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфи 5  ҷавобгӯ намебуд, ҳаргиз ҳайати мшовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чопи он тавсия намедод».

Директори  Маркази таҳия, нашрва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Комилшо Исоев ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ки солҳои охир дастрасии толибилмон ба китобҳои дарсӣ қонеъкунанда аст.  Хамчунин ӯ аз сифати табъу нашри китоб бо қаноъатмандӣ ибрози андеша намуда, таъқид дошт: «Тарзи нигориши китобҳо дар муқоиса бо замони Шӯравӣ аз лиҳози ороиш ва шеваи пешниҳод беҳтар аст. Дар ин самт яъне чопи китобҳои дарсӣ пешравӣ дида мешавад».

Мувофиқи меъёри муқаррарнамудаи Вазорати маорифи кишвар толибилмон дар муҳлати 3 сол маблағи китоби мазкурро   пардохт кардаанд.

Китоби «Адабиёти тоҷик» барои хонандагони синфи 5 (соли 2008), ки дар таҳияи Тӯйчӣ Мирзод, Розиқ Ҳамидов ва Мирзохӯҷаи Пирзод бо теъдоди 125000 нусха, бо маблағи қарз нашр шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.