Харҷи беш аз 100 млн. сомонӣ ба иншооти ҷашнии пойтахт

Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ бинои мактаби таҳсилоти умумӣ бо 320 ҷойи нишаст, беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, варзишгоҳҳо бо майдони умумии ҳудуди 5 ҳазор метри мураббаъ ва зиёда аз 3 километр роҳҳои таъмиру азнавсозишуда мавриди истифода қарор гирифтанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи мақомоти […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ бинои мактаби таҳсилоти умумӣ бо 320 ҷойи нишаст, беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, варзишгоҳҳо бо майдони умумии ҳудуди 5 ҳазор метри мураббаъ ва зиёда аз 3 километр роҳҳои таъмиру азнавсозишуда мавриди истифода қарор гирифтанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи мақомоти шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, барои бунёди иншооти мазкур аз буҷети шаҳр ва аз ҳисоби воситахои соҳибкорони хусусӣ беш аз 101 млн. сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.

«Бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, маросими тӯйи хатнасури 221-нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ки шоми 26-уми июн ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар МД «Боғи пойтахт» доир гардид, анънавӣ шуда, минбаъд ҳамасола рӯзи 26-уми июн дар ҳамин боғ баргузор карда мешаванд», – таъкид кард Саидов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.