Боздошти 50 автомашина дар ҷараёни амалиёти «Садо»

spot_imgspot_img

Дата:


Дар зарфи 4 рӯзи баргузории амлиёти махсуси «Садо», ки аз аз санаи 25-уми июн то 5-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад, кормандони шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе беш аз 50 адад автомашинаро бо таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, ки боиси норозигии норозигии шаҳрвандон ва халалдор гаштани оромӣ мегардад, боздошт ва ба майдончаи ҷаримавӣ мунтақил карданд

.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Шерафган Латифов хабар дод, аз тамоми воситаҳои нақлиёти боздоштшуда рақамҳояшон гирифта шуда, то замоне, ки соҳибонашон таҷҳизоти ғайримеъёрии садодиҳандаро иваз накунанд, рақами автомашинаҳо баргардонида намешавад.

«Ғайр аз ин, нисбати ронадагони ин автомашинаҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ санадҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати чорабинӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардиданд», – зикр кард Ш.Латифов.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои истифодабарии таҷҳизоти махсуси ғайримеъёрии садодиҳанда, аз санаи 25-уми июн то 5-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чорабинӣ таҳти унвони «Садо» ҷараён дорад.

Амалиёти мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақсадноки ШБДА РВКД дар ш.Душанбе гузаронида шуда, бо мақсади таъсирбахш гузаронидани он аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати мушоҳида намудани истифодабарии ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси садодиҳанда дар воситаҳои нақлиёт ва садо додани овози гӯшхарош дар назди даҳлезҳои биноҳо ва ҳавлиҳои истиқоматӣ бо телефонҳои боварии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе: 221-00-46, 221-00-16, дар тамос шаванд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...