Боздошти 50 автомашина дар ҷараёни амалиёти «Садо»

Дар зарфи 4 рӯзи баргузории амлиёти махсуси «Садо», ки аз аз санаи 25-уми июн то 5-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад, кормандони шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе беш аз 50 адад автомашинаро бо таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, ки боиси норозигии норозигии шаҳрвандон ва халалдор гаштани оромӣ мегардад, боздошт ва […]

Аваз Юлдошев


Дар зарфи 4 рӯзи баргузории амлиёти махсуси «Садо», ки аз аз санаи 25-уми июн то 5-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад, кормандони шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе беш аз 50 адад автомашинаро бо таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, ки боиси норозигии норозигии шаҳрвандон ва халалдор гаштани оромӣ мегардад, боздошт ва ба майдончаи ҷаримавӣ мунтақил карданд

.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Шерафган Латифов хабар дод, аз тамоми воситаҳои нақлиёти боздоштшуда рақамҳояшон гирифта шуда, то замоне, ки соҳибонашон таҷҳизоти ғайримеъёрии садодиҳандаро иваз накунанд, рақами автомашинаҳо баргардонида намешавад.

«Ғайр аз ин, нисбати ронадагони ин автомашинаҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ санадҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати чорабинӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардиданд», – зикр кард Ш.Латифов.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои истифодабарии таҷҳизоти махсуси ғайримеъёрии садодиҳанда, аз санаи 25-уми июн то 5-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чорабинӣ таҳти унвони «Садо» ҷараён дорад.

Амалиёти мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақсадноки ШБДА РВКД дар ш.Душанбе гузаронида шуда, бо мақсади таъсирбахш гузаронидани он аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати мушоҳида намудани истифодабарии ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси садодиҳанда дар воситаҳои нақлиёт ва садо додани овози гӯшхарош дар назди даҳлезҳои биноҳо ва ҳавлиҳои истиқоматӣ бо телефонҳои боварии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе: 221-00-46, 221-00-16, дар тамос шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.