Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор намуд, ки тайи ҳафтаи ахир ӯро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ даъват мекунанд ва гумон дорад, ки хадамоти махсус бо ӯ дар бораи ҳамкорӣ гуфтушунид карданианд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» худи раиси ҲСДТ хабар дод, ҳафтаи гузашта намояндагони КДАМ якчанд маротиба барои вохӯрӣ ба ӯ занг задаанд, вале бинобар сабаби вақти кофӣ надоштан, ӯ пешниҳод намудааст, ки ҳамин рӯз вохӯранд.
«Ман ба онҳо гуфтам, ки субҳи рӯзи душанбе ба ман занг зананд, вале занг назаданд, аз ин рӯ, ман ҳам назди онҳо нарафтам. Онҳо мақсади вохӯриро ба ман шарҳ надоданд, вале аз эҳтимол дур намедонам, ки яқинан онҳо бо ман дар бораи ҳамкорӣ гуфтушунид карданианд», – зикр кард раиси ҲСДТ, вале шарҳ надод, ки ба як пешвои ҳизби мухолиф хадамоти махсус чӣ гуна «ҳамкорӣ»-е пешниҳод карда метавонанд.
Ёдрас мекунем, ки Раҳматилло Зойиров ягона нафарест, ки номзадии худро ба маъракаи интихоботи президентии қарибулвуқӯъ пешбарӣ кардааст.
Қаблан Раҳматилло Зойиров
изҳор намуда буд
, ки ба номзадии худро гузоштан дар маъракаи интихоботи президентӣ ва гузашта аз ин, на танҳо ба сифати номзади ягона аз аҳзоби мухолиф, балки аз номи тамоми нерӯҳои демократии кишвар омода аст.
Ҳамчунин ӯ гуфтааст, ки ҳокимиятро дӯст намедорад, як шаҳрванди оддӣ, покдилу баинсоф, ба қадри кофӣ таҳсилдида ва масъулиятшиноси Тоҷикистон мебошад.
«Ман бисёр ба таблиғ машғул шуда, интизорӣ доштам, ки ба мақоми номзади ягона афроди дигар пешбарӣ мешаванд. Акнун номзадии худро пешниҳод намуда, изҳор медорам, ки барои ба дӯш гирифтани масъулияти кишвару шаҳрвандони он омодаам. Ба ман дастгирии нерӯҳои демократӣ лозим аст, моро муттаҳидии нерӯҳои демократӣ зарур аст ва бо кӯшишҳои дасттаҷамъона мо Тоҷикистонро аз по мехезонем. Мо роҳи дигар надорем!», – зикр кардааст Зойиров.



