Исмоилов ба тавқифгоҳи Хуҷанд мунтақил гардид

Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов, ки ба тааъҷӯӣ айбдор карда мешавад, ба тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Фахриддин Худойбердиев, адвокати рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов дар ин робита гуфт, зерҳимояашро то анҷоми тафтишот ба тавқифгоҳи муваққатӣ гузаронидаанд. «Барои иҷозати вохӯрӣ бо Исмоилов ман ба номи муфаттиш Шараф Акрамов дархост навиштам ва акнун посухи онро интизорам», – мегӯяд […]

Мавлуда Рафиева


Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов, ки ба тааъҷӯӣ айбдор карда мешавад, ба тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

Фахриддин Худойбердиев, адвокати рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов дар ин робита гуфт, зерҳимояашро то анҷоми тафтишот ба тавқифгоҳи муваққатӣ гузаронидаанд. «Барои иҷозати вохӯрӣ бо Исмоилов ман ба номи муфаттиш Шараф Акрамов дархост навиштам ва акнун посухи онро интизорам», – мегӯяд ҳимоятгар.

Ба қавли адвокат, ӯ  аз болои иҷозати суд дар бораи таҳти ҳабс нигоҳ доштани М.Исмоилов ба суди вилояти Суғд

шикоят бурдааст

, зеро кӯдакони хурдсоли сесолаву семоҳа ва ҳамчунин хоҳари маъюби 73-солааш таҳти таъминоти ӯ қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба боздошти собиқ журналисти назетаи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов

изхороти расмӣ

пахш намуд.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи ноябри соли соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.

Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ӯро дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣдӣ намуда, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам ва 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул гардидан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.