Бори аввал дар Тоҷикистон аз 29-уми июн то 3-юми июл Ҳамоиши иҷтимоиву инноватсионии Social Innovation Camp Central Asia-2013 баргузор гашт.
Дар он зиёда аз 80 нафар, аз ҷумла барномасозону дизайнерон, рӯзноманигорону соҳибкорон ва фаъолони ҷамъиятӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғиситон ва Ӯзбекистон гирд омаданд.
Яке аз созмондиҳандагони чорабинӣ Андрей Коткенов дар бораи меъёрҳои интихоби иштирокдорони SICamp изҳор дошт: «Пеш аз ҳама мо ба далелҳои пешовардаи иштирокдорон, таҷрибаи кориашон дар соҳаи иҷтимоиёт, тарроҳӣ, малакаи барномарезӣ ва имконити ба роҳ андохтани он аҳамияти ҷиддӣ додем. Ғояҳову лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз он ҷиҳат баҳо дода шуданд, ки то чӣ андоза метавон онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза ба кор бурд. Аз ҷониби комиссия барои ширкат дар ҳамоиш аз ҷониби комиссия 9 лоиҳа ва 56 ҷавон интихоб гардиданд».
Report on SICamp competition
from
on
Vimeo
.
Се рӯзи аввал муаллифони лоиҳаҳо бо кашидани тарҳи бизнес-нақшаҳо ва тавсеаи роҳи ҳалли нармафзорӣ барои иҷрои ин лоиҳаҳо машғул буданд. Дар ин бора Парвина Ибодова, яке аз доварон ба ОИ «АП» чунин нақал кард: «Дар давоми се рӯз ҳар як иштирокдор бо гурӯҳҳои худ бо сохтани он-лайн маҳсулоти барномаҳои мобилӣ, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ равона карда шудааст, машғул буданд. Дар интиҳои ҳамоиш лоиҳаҳои инноватсионии иштирокдорон то ба бизнес-лоиҳа расонда шуда буд».
Ҷойи аввалро дар озмун Дмитрий Лужанов бо лоиҳаи «Мероси мо» (Қирғизистон) соҳиб гашт. Ҷойи дувумро лоиҳаи «Smart Development», ки муаллифаш Александр Данилов аз Қазоқистон аст, сазовор гардид. Лоиҳаи «Нури дониш» мансуб ба Комил Раҷабов аз Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.
Яке аз ғолибони ҳамоиш Александр Данилов дар бораи лоиҳааш чунин нақл кард:
«Лоиҳаи мазкур барои ҷавононе, ки бизнес-лоиҳае доранду намедонад барои роҳандозии он ба кӣ муроҷиат кунанд, мадад мерасонад».
SICamp дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аавал соли 2011 дар Қирғизистон гузаронда шуда буд. Соли 2012 SICamp дар Қазоқистон баргузор гашт.


