Дар Тоҷикистон бори нахуст ҳамоиши иҷтимоиву инноватсионӣ баргузор шуд (видео)

Бори аввал дар Тоҷикистон аз 29-уми июн то 3-юми июл Ҳамоиши иҷтимоиву инноватсионии Social Innovation Camp Central Asia-2013 баргузор гашт. Дар он зиёда аз 80 нафар, аз ҷумла барномасозону дизайнерон, рӯзноманигорону соҳибкорон ва фаъолони ҷамъиятӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғиситон ва Ӯзбекистон гирд омаданд. Яке аз созмондиҳандагони чорабинӣ Андрей Коткенов дар бораи меъёрҳои интихоби иштирокдорони […]

Гурдофариди Соҳибназар


Бори аввал дар Тоҷикистон аз 29-уми июн то 3-юми июл Ҳамоиши иҷтимоиву инноватсионии Social Innovation Camp Central Asia-2013 баргузор гашт.

Дар он зиёда аз 80 нафар, аз ҷумла барномасозону дизайнерон, рӯзноманигорону соҳибкорон ва фаъолони ҷамъиятӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғиситон ва Ӯзбекистон гирд омаданд.

Яке аз созмондиҳандагони чорабинӣ Андрей Коткенов дар бораи меъёрҳои интихоби иштирокдорони SICamp изҳор дошт: «Пеш аз ҳама мо ба далелҳои пешовардаи иштирокдорон, таҷрибаи кориашон дар соҳаи иҷтимоиёт, тарроҳӣ,  малакаи барномарезӣ ва имконити ба роҳ андохтани он аҳамияти ҷиддӣ додем. Ғояҳову лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз он ҷиҳат баҳо дода шуданд, ки  то чӣ андоза метавон онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза ба кор бурд. Аз ҷониби комиссия барои ширкат дар ҳамоиш аз ҷониби комиссия 9 лоиҳа ва 56 ҷавон интихоб гардиданд».


Report on SICamp competition

from


on

Vimeo

.

Се рӯзи аввал муаллифони лоиҳаҳо бо кашидани тарҳи бизнес-нақшаҳо ва тавсеаи роҳи ҳалли нармафзорӣ барои иҷрои ин лоиҳаҳо машғул буданд. Дар ин бора Парвина Ибодова, яке аз доварон ба ОИ «АП» чунин нақал кард: «Дар давоми се рӯз ҳар як иштирокдор бо гурӯҳҳои худ бо сохтани он-лайн маҳсулоти барномаҳои мобилӣ, ки барои ҳалли  мушкилоти иҷтимоӣ равона карда шудааст, машғул буданд. Дар интиҳои ҳамоиш лоиҳаҳои инноватсионии иштирокдорон то ба бизнес-лоиҳа расонда шуда буд».

Ҷойи аввалро дар озмун Дмитрий Лужанов бо лоиҳаи «Мероси мо» (Қирғизистон) соҳиб гашт. Ҷойи дувумро лоиҳаи  «Smart Development», ки муаллифаш  Александр Данилов аз  Қазоқистон аст, сазовор гардид. Лоиҳаи «Нури дониш» мансуб ба  Комил Раҷабов аз Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.

Яке аз ғолибони ҳамоиш Александр Данилов дар бораи лоиҳааш чунин нақл кард:

«Лоиҳаи мазкур барои ҷавононе, ки бизнес-лоиҳае доранду намедонад барои роҳандозии он ба кӣ муроҷиат кунанд, мадад мерасонад».

SICamp дар  минтақаи Осиёи Марказӣ бори аавал соли 2011 дар Қирғизистон гузаронда шуда буд. Соли 2012 SICamp дар Қазоқистон баргузор гашт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.