С. Амиршоева: Духтарони тоҷик бояд танҳо бо мусулмонҳо оила барпо кунанд

Вакили парлумони Тоҷикистон Саодат Амиршоева зидди хонадоршавиии духтарони тоҷик бо ғайримусулмонҳо мебошад. Мавсуф бо таъкид ба анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ қайд кардааст, ки ин хонадоршавӣ метавонад  генофонди миллат таъсири манфӣ дошта бошад. «Ман ба муқобили он ҳастам, ки духтарони ҷавон бо намояндагони динҳои дигар ва миллатҳои гуногун – рус, чинӣ ва дигар халқиятҳо оила […]

Фируз Умарзода, Asia-Plus

Вакили парлумони Тоҷикистон Саодат Амиршоева зидди хонадоршавиии духтарони тоҷик бо ғайримусулмонҳо мебошад.

Мавсуф бо таъкид ба анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ қайд кардааст, ки ин хонадоршавӣ метавонад  генофонди миллат таъсири манфӣ дошта бошад.

«Ман ба муқобили он ҳастам, ки духтарони ҷавон бо намояндагони динҳои дигар ва миллатҳои гуногун – рус, чинӣ ва дигар халқиятҳо оила барпо кунанд, ки ба анъана ва суннатҳои миллии мо манфиат намоваранд,- мегӯяд вакили Маҷлиси Намояндагон Амиршоева. – Ҳатто агар маро миллатгаро хонанд, ман ба муқобили ин гуна хонадоршавиям».

Аммо ӯ натавонист посух диҳад, ки оё оиладоршавӣ бо намояндаи миллати дигар, ки исломро қабул кардаасту дар Тоҷикистон умр ба сар мебарад ба генафонди миллат таъсир мегузорад ё на.

«Инро аз муллоҳо бипурсед. Онҳо мегӯянд, ки агар намояндагони миллати дигар исломро қабул карда бошад, хонадоршавӣ бо тоҷикдухтар мумкин аст ё не. Ман ба ҳамаи миллатҳо ва мазҳабҳо эҳтиром мегузорам. Фикр мекунам, ки марди мусалмон метавонад бо хонумҳои мазҳаби дигар оила барпо кунад. Аммо ман муқобили он ҳастам, ки духтарони тоҷики мусалмон бо намояндагони дини дигард, алалхусус бо чиниҳо оила барпо кунанд»,- таъкид дошт Амиршоева. 

«Мо миллат, анъана, суннат ва маросимҳои хоси худро дорем. Шариат ва Ислом, ки мо онро ташаккул доданием, агар инро дигарҳо риоя намекунанд, ба онҳо набояд ба шавҳар бароем – чунин меҳисобад Амиршоева». Вакили парлумон гуфтааст, ки бояд дар байни мардум идеяи мазкур таблиғ карда шавад, то генафонди миллат ҳифз гардад.

Амиршоева таъкид дошт, ки ҳеҷ гуна қонуни алоҳида дар бораи боздоштани ин гуна хонадоршавӣ қабул карда намешавад, зеро ҷомеаи мо ҳомии демократия аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.