Таъсиси гурӯҳи кории ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои иштирок дар интихобот

Ахзоби сиёсии мухолиф ва намояндагони ҷомеаи шахрвандӣ барои иштирок дар интихоботи президентӣ гурӯҳи кориеро таъсис доданд. Ин қарор зимни ҷаласа дар дафтари кории ҲНИТ 2-юми июл қабул шудааст. Ба ин гурухи корӣ раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, муовини ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов, ходими сиесӣ ва динӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, намояндагони коллегияи […]

Меҳрангез Турсунзода


Ахзоби сиёсии мухолиф ва намояндагони ҷомеаи шахрвандӣ барои иштирок дар интихоботи президентӣ гурӯҳи кориеро таъсис доданд.

Ин қарор зимни ҷаласа дар дафтари кории ҲНИТ 2-юми июл қабул шудааст. Ба ин гурухи корӣ раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, муовини ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов, ходими сиесӣ ва динӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, намояндагони коллегияи адвокатҳои Душанбе ва ходимони дигари ҷамъиятӣ шомил шуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин қарор шуд, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад, то муайян гардад, ки мардум чӣ гуна президентро мехоханд бубинанд. «Он ҷо набояд таҳқир ва истифодабарони анонимӣ ҷой дошта бошанд. Ҳадафи асосӣ – муайян намудани симои президенте мебошад, ки ӯро халқ мехоҳад чун рахбари худ бубинад», – қайд карданд иштрокчиёни ҷаласа.

Зимни баромади худ раҳбари ҲНИТ гуфт, ки мақсади ҳамаи аҳзоб ва ҳаракатҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар фаъолони шаҳрвандии Тоҷикистон – бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Ӯ гуфт, ки дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ пайваста ҷаласаҳо баргузор мегарданд. Ба қавли Кабирӣ номзад ба курсии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барномаеро дошта бошад, ки ба манфиатҳои ҲНИТ, Ҳизби Коммунистӣ, ҲСДТ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова қайд кард, ки аҳзоби сиесӣ набояд бо як номзад маҳдуд шаванд. Ба ақидаи ӯ, бояд якчанд номзад бо барномаҳои гуногуни худ пешбарӣ шаванд ва ҳар яе ҳизби сиесӣ барномаи худро пешниҳод намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.