ХМ бо Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон созишномаи ҳамкориро имзо кард

Date:


Созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳочирати Тоҷикистон ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» ба имзо расид.

Тавре дар Хадамоти муҷочират Ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мақсад аз бастани аҳдномаи мазкур рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва рушди иқтисодии кишвар дар ҳудуди салоҳияти худ, батанзимдарории масъалаҳои кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти муҳочират мебошад.

Гуфта мешавад, ки ба созишномаи мазкур сардори Хадамоти муҳочират Сафиалло Девонаев ва раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони чаҳон – «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддинов имзо гузоштаанд

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related