ХМ бо Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон созишномаи ҳамкориро имзо кард

Созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳочирати Тоҷикистон ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» ба имзо расид. Тавре дар Хадамоти муҷочират Ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мақсад аз бастани аҳдномаи мазкур рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва рушди иқтисодии кишвар дар ҳудуди салоҳияти худ, батанзимдарории масъалаҳои кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ, […]

Азия-Плюс


Созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳочирати Тоҷикистон ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» ба имзо расид.

Тавре дар Хадамоти муҷочират Ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мақсад аз бастани аҳдномаи мазкур рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва рушди иқтисодии кишвар дар ҳудуди салоҳияти худ, батанзимдарории масъалаҳои кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти муҳочират мебошад.

Гуфта мешавад, ки ба созишномаи мазкур сардори Хадамоти муҳочират Сафиалло Девонаев ва раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони чаҳон – «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддинов имзо гузоштаанд

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.