Раисҷумҳури Миср санрнагун шуд

Раисҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ, ки ба сари қудрат бо дастгирии Бародарони мусулмон омада буд, 3 июл аз чониби ҳарбиён аз мансаб бартараф карда шуд. Артиши Миср муввақатан сарқонунро боздошта, раҳбари Суди конститутсиониро мувазаф намуд, ки дар марҳилаи гузариш вазифаи раҳбари давлатро иҷро намояд. Раисҷумҳури сарнагуншуда Муҳмаммад Мурсӣ бо қарори ҳарбиён розӣ нашуда, ҷонибдоронашро даъват намуд, […]

Азия-Плюс


Раисҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ, ки ба сари қудрат бо дастгирии Бародарони мусулмон омада буд, 3 июл аз чониби ҳарбиён аз мансаб бартараф карда шуд.

Артиши Миср муввақатан сарқонунро боздошта, раҳбари Суди конститутсиониро мувазаф намуд, ки дар марҳилаи гузариш вазифаи раҳбари давлатро иҷро намояд. Раисҷумҳури сарнагуншуда Муҳмаммад Мурсӣ бо қарори ҳарбиён розӣ нашуда, ҷонибдоронашро даъват намуд, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳанд.

Неруҳои амниятии мисрӣ қарор оид ба ҳабси 300 нафар аъзоёни Ихвонулмуслиминро супориш додаанд, хабар медихад агентии Франс Пресс. Артиш ба буҳрони сиёсии Миср баъди  он ки дар кишвар чанд рӯз инҷониб нооромиҳо идома доранд, дахолат намуд. дар натиҷаи ин бетартибиҳои чандрӯза миёни ҷонибдорону мухолифини президент Муҳаммад Мурсӣ 14 нафар ҳалок шуда, садҳо нафар чароҳатдор шудаанд. Эътирозгарон зидди раҳбарии Мурсӣ баромад намуда, ӯро дар услуби идоранамоии авторитарӣ ва кӯшиши исломинамоии кишвар муттахам менамоянд.

Худи Мурсӣ аз ихтиёран тарк намудани қудрат, тавре мухолифин аз ӯ даъват карда буданд, даст кашид. Мувофиқи иттилои ВАО-и мисрӣ, раисҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ аз қудрат сарнагун шуда, ба дафтари кории разведкаи харбӣ оварда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.