Вакили Бундестаги Олмон аз ВКХ ҶТ боздид кард

Date:


Муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмудҷон Собиров бо вакили Бундестаги Олмон хонум Виола фон Крамен, ки маротибаи аввал дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.

Зимни вохӯрӣ муовини аввал роҷеъ ба Тоҷикистон, вазъияти дохилии он, инчунин ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои минтақа ба мусоҳиби худ маълумоти кӯтоҳ дод.

Зимнан, муносибатҳои дуҷонибаи  Тоҷикистону Олмон ва имкониятҳои тараққиёти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Собиров хонум вакили Бундестагро ҷиҳати иштирок дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар моҳи августи соли 2013 баргузор мегардад, даъват намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related