Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт таъсире ба муносибатҳо бо Русия ва Эрон нахоҳад дошт (аудио)

Чанде қабл сарварони ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Кувайт зимни як вохӯрӣ 7 санади барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар муҳимро ба имзо расониданд. Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ таъкид гардид, ки давлати Кувайт дар сармоягузории лоиҳаҳои зиёди зербиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ ва ғайра иштироки худро бештар карда, барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати […]

Аҳлиддин Салимов


Чанде қабл сарварони ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Кувайт зимни як вохӯрӣ 7 санади барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар муҳимро ба имзо расониданд.

Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ таъкид гардид, ки давлати Кувайт дар сармоягузории лоиҳаҳои зиёди зербиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ ва ғайра иштироки худро бештар карда, барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати кӯҳию сабук ва хӯрокворӣ, тандурустӣ, фарҳанг, муҳоҷирати корӣ, истихроҷи нафту газ, содироти об ва рушди сайёҳӣ  кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишварро коршиносон як гуна наздикшавии Тоҷикистон ба давлати Кувайт арзёбӣ мекунанд. Аммо ин суол матраҳ аст, ки дар сурати амалӣ гардидани созишномаҳои ҳукумати Тоҷикистон бо давлати Кувайт, муносибати кишварҳое чун Русия ва Эрон бо Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад шуд?

Коршиносон дар сӯҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» роҷеъ ба ин мавзӯъ ибрози назар карданд.


Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси маъруфи тоҷик:

 Аввалан, бояд мунтазир шавем, ки ёддошт роҷеъ ба тарҳҳои энергетикӣ сараввал ба як ҳуҷҷати феълӣ табдил ёбад, зеро ёддошт ин танҳо сабт намудани ниятҳост. Тоҷикистон рағбати сохтани нерӯгоҳҳоро дорад ва аз ҷониби Кувайт дархост кардааст, ки дар ин самтҳо ҳамкорӣ кунад. Ҷониби Кувайт тавассути имзо кардани ин санад гуфтанист, ки мо нияти ҳамкорӣ  дар ростои бино кардани неругоҳҳои обӣ дорем. Дар марҳалаи кунунӣ на бештар аз ин. Биноан, барои ҷониби Тоҷикистон лозим аст, ки такудав кунад, ки ёддошт ба созишномаи мушаххас табдил ёбад. 

Дуввум, ҷониби Русия усулан ба хотири нороҳат насохтани Ӯзбекистон ва бад-ин тариқа ҳимоя кардани манфиатҳои миллии худ дар Осиёи Марказӣ, ки на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаро фаро мегиранд, дар вақташ аз табдил додани ёддошти ҳаммонанд, ки аснои дидори раисҷумҳур Дмитрий Медведев ба имзо расида буд, ба созишномаи мулзамкунанда даст кашид. Вале ин дафъа, чун ҷониби сеюм дар амалисозии тарҳҳои энергетикӣ саҳм гузоштанист, барои Русия ин амр кадом як мушкил надорад. Қабл аз ҳама, аз он лиҳоз ки манфиатҳои Русия ҳеҷ зарар намебинанд, чун муносибатҳоро байни худу Ӯзбекистон халалдор намесозад. Шояд барои онҳо хубтар ҳам мешуд, ки агар ин иштироки имконпазири Кувайт дар тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон феълан амалӣ гардад. Ҳадди ақал аз он ҷиҳат, ки метавонад барои ин нерӯгоҳҳо таҷҳизот бифурӯшад.

Барои Эрон низ ҳамин тавр аст. Чун Эрон аланан иброз дошт, ки баъд аз Сангтӯда-2 ба амалӣ гардонидани тарҳи НОБ-и дигар дар дарёи Зарафшон моил аст. Яъне тарҳҳои се НОБ-е, ки дар мавриди онҳо Тоҷикистону Кувайт ба як ҳамдигарфаҳмӣ расиданд, берун аз мадди эҳтимоми Эрон қарор дорад. Ба фикрам, кадом як мушкилии ҷиддие дар ин ҷо набояд пайдо шавад. Онҳо бо ҳамдигар робитаи ҳасана доранд.


Сайфуллоҳ Муллоҷонов, таърихшинос:

 Нахуст, аз имзорасӣ то амалишавӣ фосила аст ва як муддат мегузарад. На ҳамаи шартнома ё қарордодҳое, ки имзо мешаванд, ба марҳилаи иҷро мерасанд.

Дуввум, мо агар дар бораи сард шудани робита бо кишварҳои шарикони стротежиамон ҳарф задан хоҳем, чанд муддат шуд, сарфи назар аз ин ки мо ба кадом кишвар рӯ меоварем, як сардӣ дар муносибати мо бо Русия (тақрибан аз соли 2009) эҳсос мешавад.

Нуктаи саввум ин аст, ки кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, бештар кишварҳои арабӣ дар сиёсатгузориҳои хориҷии худ (ва ҳатто дар баъзе масоили сиёсатҳои дохилӣ) ба андозаи бояд мустақил нестанд. Чанд муддат пеш як тағйироте дар яке аз хонаводаҳои салтанатии кишварҳои арабӣ рух дод, ки бо дахолати бевоситаи кишвари саввум ба амал омад. Яъне ҷониби саввум талаб кард, ки дар сатҳи роҳбарии ин кишвар дигаргунӣ ба вуқӯъ пайваст. Манзурам ин аст, ки агар қарордод ба марҳилаи амал расад, бе дахолату ризоият ё бе ишораи чашми кишвари саввум рух намедиҳад. Яъне ҳатман ҳамоҳангӣ бо кишварҳои бузург (дар ин ҷо манзурам ҷониби Қатар ва пуштибонии ИМА) ҳатман сурат гирифтааст.

Чаҳорум, фикр намекунам, ки муносибат бо Эрон ба сардӣ гарояд, ба хотири ин ки дар охирин сафараш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 

раисҷумҳури 

Эрон изҳор дошт, ки “муносибати Тоҷикистон ва Эрон истисноӣ аст”. Ман фикр намекунам, ки дар робитаҳои мо бо Эрон кишвари саввум халал эҷод кунад. Ба хотири он ки ҳар қадар мо бо кишварҳои дигар қарордодҳои иқтисодӣ, аз чумла, дар заминаи коркарди маводи техникию нафтӣ ва ё самти дигар бандем, хоҳу нохоҳ боз риштаҳои васли дигаре ҳаст, ки робитаи мо бо Эронро тақвият мебахшаду дар сатҳи зарурӣ нигаҳ медорад.

Ниҳоят, дар марҳалаи кунунӣ масъалаи захираҳои энергетикӣ дар ҷаҳон, хоҳ обӣ бошад, хоҳ ғайриобӣ, дигар масъалаи ҳассос аст ва бештарин кишварҳо саъй мекунанд дар ин гирудоре, ки дар ҷаҳон ҳаст, ҳаққи худашонро бигиранд. Ва ин ҳаққи мост аз он зарфияте, ки дорем, бо истифода аз истиқлоли сиёсиямон бар хосту маром ва манфиати худ амал кунему сатҳи рӯзгори мардумро боло барем. Дар маҷмӯъ, ман фикр намекунам, ки ин қарордод ҳеҷ латмае ба робитаи мо бо кишвари дигар бирасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.