Шабакаи телевизионии «К+»: Тоҷикистон ба озодии паҳн кардани иттилоъ монеа пеш меорад

Шабакаи телевизионии моҳвораии Осиёи Марказӣ  «К+» имрӯз, 5-уми июл изҳороте пахш кард, ки дар он гуфта мешавад шурӯъ аз 2-юми июли соли ҷорӣ мавҷҳои моҳвораии шабакаи телевизионии «К+» дар HotBird (13*) гоҳ-гоҳ ва аз 4-уми июл инҷониб ба хомӯшсозии шадид аз ҷониби қаламрави Тоҷикистон дучор омадааст. Дар ин хусус сомонаи иттилоотӣ-таҳлилии «Республика KZ» хабар медиҳад.  […]

Азия-Плюс


Шабакаи телевизионии моҳвораии Осиёи Марказӣ  «К+» имрӯз, 5-уми июл изҳороте пахш кард, ки дар он гуфта мешавад шурӯъ аз 2-юми июли соли ҷорӣ мавҷҳои моҳвораии шабакаи телевизионии «К+» дар HotBird (13*) гоҳ-гоҳ ва аз 4-уми июл инҷониб ба хомӯшсозии шадид аз ҷониби қаламрави Тоҷикистон дучор омадааст. Дар ин хусус сомонаи иттилоотӣ-таҳлилии «Республика KZ» хабар медиҳад. 

Тавре дар изҳорот таъкид шудааст, мавҷи «К+» махсусан дар он лаҳзаҳое  башиддат дучори хомӯшсозӣ гаштааст, ки дар эфир барномаҳо бо забони тоҷикӣ ва ё суханронии роҳбари Ҳаракати мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев пахш мешуданд.

«Чунин амалҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба назари мо, наметавонанд бе дастури бевосита ё худ ризоияти ҳукуматдорони расмии Тоҷикистон сурат бигиранд. Мо тахмин мезанем, ки барои хомӯш намудани мавҷи моҳвораӣ ҳукуматдорони Тоҷикистон аз иқтидори ширкати давлатии «Телерадиоком» истифода мебаранд», -ҳњадс мезанад роҳбарияти шабакаи телевизионӣ.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки қатъи басомади моҳвораӣ, ки дар нисбати  шабакаи телевизионии «К+»  ба кор бурда шудааст,  на танҳо мавҷи шабакаи алоҳида, балки бастаи пурраи шабакаҳоро, ки дар маҷмӯъ даҳҳо шабакаи радиоиву телевизионӣ аз он пахш мешаванд, фалаҷ кардааст. Ҳамин тавр дар натиҷаи таъсири халале, ки аз ҳудуди Тоҷикистон сарчашма мегирад, на танҳо ба шабакаи телевизионии «К+», балки ба даҳҳо шабакаи дигари телевизиониву радиоии кишварҳои минтақаи АвроОсиё зарар расидааст.

Дар ҳамин ҳол  роҳбарияти шабакаи телевизионии «К+» таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин вазъ ҷалб намуда, онро хилофи Созишномаи байналмилалӣ дар бахши иттилоот ва мухобирот арзёбӣ кардааст. Шабакаи телевизионӣ бар он назар аст, ки Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалии пахши иттилоро дағалона поймол намуда, ба озодии паҳн кардани иттилоъ монеъ мешавад.

«Роҳбарияти шабакаи «К-плюс» аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои тамоми кишварҳо даъват кардааст, ки аз ҳолати маҳдудияти озодии сухан ва паҳн кардани иттилоъ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ намоянд. Амалкарди онҳое, ки мавҷи шабакаи телевизионии мустақилеро дар моҳвора хомӯш месозанд, аз доираи қонун берун буда, ҳуқуқи шаҳрвандони бисёр кишвархоро дар самти дастрасӣ ба иттилоъ поймол месозад», – таъкид шудааст дар изҳорот.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.