КМИ санаи баргузории интихоботро бар ивази вакилони хориҷшуда муайян намуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзаи худ қарор кард, ки интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14-уми сентябр баргузор карда шавад. Хотиррасон менамоем, ки 4-уми июл дар ҷараёни ҷаласаи 14-уми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон се вакил ба истеъфо рафтанд. Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси […]

Аваз Юлдашев


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзаи худ қарор кард, ки интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14-уми сентябр баргузор карда шавад.

Хотиррасон менамоем, ки 4-уми июл дар ҷараёни ҷаласаи 14-уми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон се вакил ба истеъфо рафтанд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пас аз баррасии аризаи Гулхоҷа Ҷангибеков, Султон Валиев ва Баҳриддин Солиҳов оид ба қатъи пеш аз мӯҳлати ваколати онҳо ҳамчун аъзои палатаи болоии парлумон қарор қабул карданд. Ҳамзамон вакилони мазкур аз ҳайати кумитаҳои дахлдори палатаи болоии парлумон хориҷ карда шуданд.

Палатаи болоии парлумон аз 33 вакил иборат буда, мувофиқи Конститутсияи ҶТ, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо роҳи ғайримустақим тавассути овоздиҳии пӯшида дар ҷамъомадҳои муштараки вакилони мардумии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд. 

Дар Маҷлиси миллӣ ВМКБ, вилоятҳо, Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ теъдоди баробари намояндаҳо – ҳар кадоме 5 вакил доранд.  Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро (8 вакил) президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Маҷлиси миллӣ дар асоси даъват фаъолият менамояд.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумњурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, маълумоти олӣ дорад, метавонад вакили Маҷлиси миллӣ интихоб ва ё таъин гардад.

Ҳар як президенти собиқи Тоҷикистон то охири умр аъзои Маҷлиси миллӣ маҳсуб мешавад, агар ӯ аз ин ҳуқуқи худ даст накашад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.