Дар Тоҷикистон бозори нави коғазҳои қиматнок сабти ном шуд

Биржаи нави фондӣ ва ё бозори коғазҳои қиматнок дар моҳи июн дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии рушди бозори коғазҳои қиматноки Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, биржаи фондӣ сохтори тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, бақайдгирии он қадами аввал дар роҳи таъсиси бозори […]

Зарина Эргашева


Биржаи нави фондӣ ва ё бозори коғазҳои қиматнок дар моҳи июн дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии рушди бозори коғазҳои қиматноки Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, биржаи фондӣ сохтори тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, бақайдгирии он қадами аввал дар роҳи таъсиси бозори муташаккили коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон мебошад.

«Ҳанӯз дар бораи оғози фаъолияти биржаи фондӣ сухан гуфтан барвақт аст. Имрӯзҳо корҳои омодагӣ ва тайёрӣ ба муҷаҳҳазсозии техникиву барномавӣ ҷараён доранд, роҳбари биржаи фондӣ интихоб гардид. Агар дар хусуси собиқ бозори коғазҳои қиматнок сухан гӯем, пас бояд таъкид кард, ки мӯҳлати амали иҷозатномаи он моҳи феврали соли 2013 ба поён расид ва он тамдид нагардида буд»,- қайд карданд дар Агентӣ.

Дар мавриди ташкили фаъолияти биржаи фондӣ бошад, тавре дар Агентӣ таъкид намуданд, барои роҳ ёфтан ба тиҷорати биржавӣ яке аз талаботи асосӣ гузариши ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба Меъёрҳои байналмилалии тартиби ҳисоботи молиявӣ мањсуб мешавад.    

«Бидуни шаффофият дар фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ ва тартиб додани ҳисобот мутобиқ ба талаботи Меъёрҳои байналмилалии тартиби ҳисоботи молиявӣ, роҳ додани саҳмияҳо ба тиҷорати биржавӣ имконнопазир аст»,- зикр карданд дар Агентӣ. 

Нақшаи таъсиси биржаи фондии нави қобили амалиёт хеле пештар мавҷуд буд, аммо ин азм пас аз он қавитар гардид, ки ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ташкил карда шуда, фурӯши озоди саҳмияҳои ин ҷамъият ба аҳолии Тоҷикистон аз соли 2010-ум ба роҳ монда шуд.  

Дар маҷмӯъ дар давраи аз 6-уми январи соли 2010 (оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳо) аз 5 миллион адад саҳмияи интишоршуда каме бештар аз 1,8 миллион саҳмия фурӯхта шуда, бақияи он ҳудуди 3 миллион коғази қиматнокро ташкил дод, ки имрӯзҳо дар бонкҳои ҷумҳуриявӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Саҳмияҳои «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун»-ро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ харидорӣ кардан мумкин буд. Сертификатҳо бо арзиши бештар аз 5 ҳазор сомонӣ номӣ маҳсуб шуда, боқимонда саҳмияҳои нишондиҳанда ба шумор мераванд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.