Сементи покистонӣ 80%-и бозори сементи Тоҷикистонро ташкил медиҳад

Ҳамасола аз Покистон 1,7 миллион тонна семент ба Тоҷикистон ворид мегардад, ки аз 75% то 80%-и ҳиссаи бозори сементи кишварро ташкил медиҳад. Тавре 5-уми июл дар як нишасти матбуотӣ раиси Анҷумани истеҳсолгарони сементи Покистон Муҳаммад Иқбол хабар дод, Покистон минбаъд низ омода аст содироти сементи худро ба Тоҷикистон густариш бидиҳад, агар эҳтиёҷ ба ин навъи […]

Зарина Эргашева


Ҳамасола аз Покистон 1,7 миллион тонна семент ба Тоҷикистон ворид мегардад, ки аз 75% то 80%-и ҳиссаи бозори сементи кишварро ташкил медиҳад.

Тавре 5-уми июл дар як нишасти матбуотӣ раиси Анҷумани истеҳсолгарони сементи Покистон Муҳаммад Иқбол хабар дод, Покистон минбаъд низ омода аст содироти сементи худро ба Тоҷикистон густариш бидиҳад, агар эҳтиёҷ ба ин навъи масолеҳ мавҷуд бошад.

Тавре мавсуф тавзеҳ дод: «Бар хилофи он ҳама овозаҳое, ки тибқи онҳо сифати сементи покистонӣ паст аст, мехоҳам зикр кунам, ки мо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ кор мекунем ва ҳар як миқдори семент аз санҷиши лабораторӣ мегузарад». Вай афзуд, ки Покистон шомили панҷгонаи пешсафон-содироткунандагони сементи ҷаҳон аст ва 27 кишвари оламро бо семент таъмин менамояд».

Намояндагони корхонаҳои истеҳсоли сементи Покистон низ дар кори нишасти матбуотӣ иштирок доштанд. Онҳо тавзеҳ доданд, ки аз фурӯши семент на фақат маблағ ба даст меоранд, балки он мошинҳои боркаше, ки ба Тоҷикистон семент ворид месозанд, холӣ набаромада бо маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта пур карда мешаванд.

Яке аз соҳибкорони покистонӣ гуфт: «Корхонаҳои сементбарории мо аз тариқи ангишт фаъолияти худро ба роҳ мемонанд ва семент тавлид мекунанд. Мо воқифем, ки Тоҷикистон захираҳои бузурги ангишти хушсифатро дорост ва бисёр мехостем бо ҳукумати Тоҷикистон барои таҳвили бетаваққуфи ангишти тоҷик ба Покистон созишнома бандем».

«Тоҷикистон барои мо аҳамиятнок аст ва мо мехостем минбаъд касбу кори тиҷории худро дар ин кишвар рушду равнақ диҳем. Мехостем, дар Тоҷикистон як корхонаи сементбарорӣ бунёд намоем, аммо, татбиқи ин лоиҳа сармоягузории зиёдро талаб мекунад. Маблағи сармоягузорӣ аз 200 миллион доллар боло таъриф мешавад, ки айни ҳол дарёфт ва ҷудо кардани чунин маблағ имконнопазир аст»,- иброз дошт Муҳаммад Иқбол.

Нархи бозории сементи Покистон дар бозори дохилии Тоҷикистон 1 ҳазору 60 сомонӣ ё андак бештар аз 200 доллар барои як тонна арзёбӣ мешавад. Арзиши корхонаии сементи покистонӣ дар кишвари истеҳсолкунанда ҳудуди $65 барои як тонна аст.

Тибқи омори Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, талаботи умуми солонаи Тоҷикистон ба семент 3 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор наздики 1,7 миллион тоннаш аз Покистон ворид мегардад, боқимонда бошад аз Қазокистон ва Эрон интиқол меёбад, ҳамчунин дар дохили кишвар низ ин намуди масолеҳ бароварда мешавад.

Имсол бо сабаби аз кор мондани бузургтарин корхона – «Тоҷиксемент» истеҳсоли семент дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфт. «Тоҷиксемент» бо сабаби адами гази табиӣ, ки таҳвили он аз Узбекистони ҳамсоя охири соли 2012 қатъ гардид, фаъолияти худро мутаваққиф кардааст.

Моҳҳои январ ва майи соли 2013 дар Тоҷикистон 16,9 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шудааст, ки нисбати 89,9 ҳазор тонна сементи ҳамин давраи соли 2012 ба 73 ҳазор тонна камтар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.