Муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина изҳор дошт, ки аризаи даъвогии имрӯз дастрасшудаи гурӯҳи намояндагони зиёиён ӯро дар ҳайрат гузоштааст.
«Аввалан, ман аз он дар ҳайратам, ки чаро даъво ба Суди иқтисодӣ ироа шудааст, зеро то он ҷое, ки ман медонам, додгоҳҳои иқтисодӣ танҳо баҳсҳои хоҷагии субъектҳои хоҷагидорро баррасӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ман чунин меҳисобам, ки даъвои мазкур набояд аз ҷониби Додгоҳи иқтисодӣ пазируфта шавад. Баъдан, маро моҳияти аризаи даъвогӣ ба ҳайрат овард – «дар бораи ҳимояи шараф, эътибор, нуфузи касбӣ». Сухан дар бораи кадом эътибори касбӣ меравад? Ба додгоҳ намояндагони иттифоқҳои эҷодӣ шикоят бурдаанд ё тоҷирон? Ҳамчунин мушаххас нест, ки чӣ гуна ақидаи ман тавониста бошад ба баргузории «як қатор гуфтушунидҳои дуҷониба, бо сабаби интишор шудани мулоҳизаҳои таҳқиромез нисбат ба зиёиёни тоҷик» монеъ гардад»,- чунин шарҳ дод аризаи даъвогаронро Олга.
Ӯ ҳамзамон таъкид дошт, ки «даъвои мазкур бо якчанд сабаб аслан наметавонад вуҷуд дошта бошад, асоситаринаш ҳамин аст, ки дар кишвари мо барои баёни ақидаи шахсӣ касеро ба додгоҳ намекашанд. Мулоҳиза ҳақиқат ё дурӯғ буда наметавонад ва он мояи тафтишоти додгоҳӣ ҳам буда наметавонад. Онро дар додгоҳ баррасӣ кардан мумкин нест. Ин ба муќаррароти ќонунгузории ҷиноятӣ дахл дорад».
«Баъдан – дар ақидаи ман таҳқир нисбати зиёиён ҷой надорад, ман дар он хусус ҳарф мезанам, ки ба назари ман, зери мафҳуми муайякунандаи «наҷосати миллат» он гурӯҳи зиёиёни тоҷик дохил мешаванд, ки дар мулоқоти президент масъалаҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён нагузошта, балки барои манфиати шахсӣ меоянд»,- зикр кард ҷавобгар.
«Ман донистан мехоҳам, ки оё ҷанобони даъвогар худро ба ин гурӯҳи зиёиён, ки В.И. Ленин дар ин хусус изҳори ақида кардааст, мансуб медонанд? Агар не, пас онҳо ба чӣ хотир нисбати ман ба суд шикоят мебаранд? Агар ҳа, пас боз ҳам, чаро онҳо кӯшиши баҳси ин мавзӯро мекунанд? Зимнан, дар масъалаи худи иқтибос, ҷаноби Бахтӣ чандин маротиба изҳор дошт, ки ман онро нодуруст истифода бурдаам, дар муносибат бо зиёиён Ленин калимаи «наҷосат»-ро ба кор набурдааст. Аз даъвогарон хоҳиш мекунам, ки бо китобхонаи нашрияи «Револютсия»
http://revolucia.ru/lenin51_47.html
шинос шаванд», – мегӯяд Тутубалина.
Ӯ ҳамчунин аз таъбири Ленин аз номааш ба А.М. Горкий аз 15-уми сентябри соли 1919 иқтибос меорад: «Қувваҳои зеҳнии коргарон ва деҳқонон пурзӯртар шуда, дар мубориза бо сарнагун кардани буржуазия ва шарикони он, зиёиён, хизматгорони сармоя, онҳое, ки худро мағзи сари миллат меноманд, устувортар мегардад. Дар кору рафтор ин мағзи сар не, наҷосат аст»:
– Ба назари ман, ин ҷо сухан маҳз дар бораи «наҷосат» меравад, на «ифлосӣ»-е, ки дар як мусоҳибаи худ М. Бахтӣ тахмин карда буд. Ман дар ин мавзӯъ мусоҳиба наоростам, нахостам, ки ин мавзӯъро зиёд пайгирӣ созам. Аммо имрӯз, ба фикри ман, бояд мавқеи худро нишон диҳам. Мавқеи ман чунин аст: дар фурсати наздиктарин ман имкони ба додгоҳ кашидани ҷаноби Бахтӣ – яке аз ташаббускорони даъворо матраҳ мекунам (бо ҳуқуқшиносон машварат менамоям). Барои ин далелҳои қотеъ вуҷуд доранд. Ман бодиққат тамоми мусоҳибаҳои ӯро пайгирӣ кардам ва ба андешаи ман, масалан барои ин суханаш: «ӯ на танҳо зиёиёни тоҷик, балки кулли миллати тоҷикро таҳқир намуд» метавон барои тӯҳмат ба суд даъво кард. Барои ин суханаш, ки гуфтааст: «эҳсос мешавад, ки ӯ ба тоҷикон адоват дорад», ҷаноби Бахтиро метавон дар барангехтани хусумати байни миллатҳо айбдор кард,- илова кард муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс».
Хотиррасон менамоем, 5-уми июл ба Идораи «Азия-Плюс» нусхаи аризаи даъвогие дастрас шуд, ки аз ҷониби панҷ ҳайати эҷодӣ ва духтури бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул Дилбар Абдиева ба додгоҳ ироа шудааст. Тавре аз ариза бармеояд, даъвогарон пас аз мутолиаи назари Олга Тутубалина бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») азоби шадиди рӯҳиву маънавиро аз сар гузаронидаанд.
Даъвогарон аз додгоҳ талаб доранд, ки ҷавобгар ва ҳамҷавобгар – ҳафтаномаи «Азия-Плюс»-ро барои расонидани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ ҷарима кунанд.


