Рӯҳониёни Тоҷикистон дар мавриди ҳомиладоршавӣ бо роҳи маснӯӣ фатво доданд

Уламои Маркази исломии Тоҷикистон нисбат ба бордоршавии сунъӣ барои мусалмонони тоҷик фатво доданд. Тавре аз шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ ба Islamnews.tj хабар додаанд, қарорро уламо дар ҷамъомади навбатии Шӯро қабул кардаанд. Бар пояи ин фатво, мард ва зане, ки мехоҳанд тавассути бордоршавии маснӯӣ фарзандор шаванд, ҳатман бояд никоҳи мусалмонӣ дошта бошанд. Зан дар ин ҳол […]

Азия-Плюс


Уламои Маркази исломии Тоҷикистон нисбат ба бордоршавии сунъӣ барои мусалмонони тоҷик фатво доданд.

Тавре аз шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ ба Islamnews.tj хабар додаанд, қарорро уламо дар ҷамъомади навбатии Шӯро қабул кардаанд.

Бар пояи ин фатво, мард ва зане, ки мехоҳанд тавассути бордоршавии маснӯӣ фарзандор шаванд, ҳатман бояд никоҳи мусалмонӣ дошта бошанд. Зан дар ин ҳол танҳо мании ҳамсари худро истифода бурда метавонад. Мард ҳам ба ғайр аз завҷаи худ, набояд барои бордоркунӣ тухмҳуҷайраи зани дигарро истифода барад.

Дар сурати берун шудан аз чаҳорчӯбаи шариати исломӣ, бо роҳи маснӯӣ обистан шудан гуноҳ аст. Зану шавҳаре, ки тавони риояи ин қоидаҳоро надоранд, метавонанд кӯдаконро ба фарзандӣ қабул кунанд.

Ёдрас мешавем, ки баҳсу мунозира дар бораи ҳомиладоршавии маснӯӣ, чандест идома дорад. Соли 2010 порлумони Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид кард. Бар пояи қонунии онҳо, зан метавонад бо роҳи маснӯӣ ҳомила шавад.

Аммо, он замон  вакили палатаи поёнии порлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошта буд, ки вақте беш аз 90 дарсади аҳолии ҷумхурӣ пайравони дини ислом ҳастанд, қабули чунин тағйиру иловаҳо нораво мебошад. 

Тавре Кабирӣ иброз дошт: «Дар мо аз қадим расму қоида ҳамин аст, ки оилаҳои бефарзанд тифли беволидайн ё фарзандони хешу табори наздики худро ба тарбияи худ мегиранд. Бо роҳи маснӯӣ бордор шудани занҳо танҳо аз  тухми ҳамсари қонуниашон дуруст аст. Аммо, агар барои анҷом додани ин амалиёт истифодаи мании марди дигар лозим шавад, он гаҳ ин амал ғайри қобили қабул аст».

Ба қавли раҳбари ҳизби исломӣ, вакилони порлумони Ҷумњурӣ бояд қавонинро аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ қабул кунанд, аммо дар баробари ин набояд расму русум ва арзишҳои миллии худро сарфи назар кунанд.

Зимнан лозим ба ёдоварист, ки дар соли ҷорӣ аллакай нахуст дугоникҳои бо роҳи маснӯӣ бордоршуда таваллуд шуданд. Дар Тоҷикистон, чунин амалиёт дар маркази тиббии «Насл» анҷом дода мешавад. 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.