Раҳбарони ҷамъиятҳои насронӣ: Барои президенти Тоҷикистон дуо кунед

Усқуфи аъзами Душанбе ва Тоҷикистон Питирим дар мулоқот бо рӯҳониён иброз дошт, ки насрониёни православӣ дар ҳар ибодаташон барои беҳбудиву некуаҳволии Тоҷикистон, мақомот ва артиши ду қудрати ба ҳам дӯст – Русия ва Тоҷикистон, дуо мекунанд. Мавсуф иброз дошт: «Мо умедворем, ки муносиботи мо минбаъд низ дар руҳияи меҳру муҳаббат ва ризоияти тарафайн густариш хоҳанд […]

Азия-Плюс


Усқуфи аъзами Душанбе ва Тоҷикистон Питирим дар мулоқот бо рӯҳониён иброз дошт, ки насрониёни православӣ дар ҳар ибодаташон барои беҳбудиву некуаҳволии Тоҷикистон, мақомот ва артиши ду қудрати ба ҳам дӯст – Русия ва Тоҷикистон, дуо мекунанд.

Мавсуф иброз дошт: «Мо умедворем, ки муносиботи мо минбаъд низ дар руҳияи меҳру муҳаббат ва ризоияти тарафайн густариш хоҳанд ёфт». Вай қайд кард, ки дар давоми 140 соли будубоши Калисои православӣ дар қаламрави Тоҷикистон, муносибати православия ва ислом дар ин сарзамини меҳмоннавоз  дўӯтиву рафоқат ва кӯмаки мутақобилро дошт.

«Калисои православии русӣ дар симои Синоди муқаддас ва патриарх Кирилл ду сол қабл, соли 2011 дар бораи ташкили Епархияи алоҳидаи Калисои православии русӣ дар қаламрави Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ин амал барои баланд бардоштани мақоми калисои православии русӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Пеш аз ин маркази Епархия дар Тошканд буд. Дар таърихи Тоҷикистон ман  аввалин Усқуфи аъзам мебошам»,- қайд кард ӯ.

Мавсуф таъкид кард, ки ҳангоми ба Тоҷикистон омаданаш димоғаш чоқ шуд, зеро дар ин ҷо муносибати дӯстона ва хайрхоҳонаи мардуми тоҷикро пайдо кард. Он чизеро, ки ба қавли вай, «онҳо дар Русия таркаш кардаанд».

Ӯ  инчунин аз сарвари давлат барои ҷорӣ кардани низоми дурусти сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ сипосгузорӣ карда афзуд, ки ин роҳест ба сӯи демократияи ҳақиқӣ, ки ба қавли ӯ, Раҳмон кишвари аз ҷониби Офаридгор ба ӯ вогузоршударо бо чунин роҳ  бурда истодааст. 

Раиси калисои протестантии «Грейс Сумнин» миннатдории худро ба ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин кишвар ҳуқуқҳои ҳар як шаҳрванд риоя мешаванд, баён кард.

«Мо ҳама дар як сафина шино мекунем ва ҳама бояд онро ба як тараф раҳнамоӣ кунем. Даъвати ман дар он ифода меёбад, ки мо дар ҷамъиятҳои худ таҳаммул, сабру тоқат, рафоқату эҳтироми тарафайн ва ҳастии осоиштаро пешаи худ кунем. Аз шумо хоҳиш дорам, барои президент, барои ҳукумат дасти дуо бардорер, сулҳу дӯстиро ташвиқ кунед, то ин ки ба ин васила мо тавонем Тоҷикистонро дар чунин дунёи нопойдор ҳифз дорем»,- қайд кард ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.