Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ инспектори милисаи ШВКД-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Машраф Алиев, ки ба расонидан то ба худкушӣ, суиистифода аз мақоми хизматӣ ва шиканҷа нибати ноболиғ муттаҳам мешавад, пас аз тафтиши иловагӣ ба суди ноҳияи Ёвон фиристода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дифоъгари писарбачаи ноболиғ Умед Ниёзов гуфт, 7-уми сентябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳгор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд. Аммо додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди олии ҶТ, ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард.
Ба акидаи Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбати Машраф Алиев, сабук аст. «Дар натиҷа суди вилоятӣ парвандаи ҷиноятиро ба тафтиши дубора фиристод», – қайд кард дифоъгар. Мувофиқи суханони Умед Ниёзов, муфаттишон дар ҷараёни тафтиши иловагӣ, моддаи аввали айбдоркунандаро ба «Шиканҷа» тағйир доданд, моддаи дувум (Суиистифода аз мақоми ишғолнамуда) бетағйир боқӣ монд. Феълан, додситон парвандаи ҷиноятиро ба суди ноҳияи Ёвон фиристодааст.
Ёдовар мешавем, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29 апрел дар манзили истиқоматиаш дар ҳоли ба дор овехта шудан, пайдо карда шуд. Наздикон писарбачаро аз гиреҳ гирифта, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян кард, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, писарбачаро таҳқиру дашном дода, ба хотири гирифтани гувоҳӣ латту куб намудааст. Ба қавли тафтишот, ноболиғ баъди муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст.


