Парвандаи милитсионери ёвонӣ, ки барои шиканча ҳукм гирифтааст, бознигарӣ шуд

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ инспектори милисаи ШВКД-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Машраф Алиев, ки ба расонидан то ба худкушӣ, суиистифода аз мақоми хизматӣ ва шиканҷа нибати ноболиғ муттаҳам мешавад, пас аз тафтиши иловагӣ ба суди ноҳияи Ёвон фиристода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дифоъгари писарбачаи ноболиғ Умед Ниёзов гуфт, 7-уми сентябри соли 2012 додгоҳи […]

Сайраҳмон Назриев


Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ инспектори милисаи ШВКД-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Машраф Алиев, ки ба расонидан то ба худкушӣ, суиистифода аз мақоми хизматӣ ва шиканҷа нибати ноболиғ муттаҳам мешавад, пас аз тафтиши иловагӣ ба суди ноҳияи Ёвон фиристода шуд.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дифоъгари писарбачаи ноболиғ Умед Ниёзов гуфт, 7-уми сентябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳгор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд. Аммо додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди олии ҶТ, ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард.

Ба акидаи Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбати Машраф Алиев, сабук аст.  «Дар натиҷа суди вилоятӣ парвандаи ҷиноятиро ба тафтиши дубора фиристод», – қайд кард дифоъгар. Мувофиқи суханони Умед Ниёзов, муфаттишон дар ҷараёни тафтиши иловагӣ, моддаи аввали айбдоркунандаро ба «Шиканҷа» тағйир доданд, моддаи дувум (Суиистифода аз мақоми ишғолнамуда) бетағйир боқӣ монд. Феълан, додситон парвандаи ҷиноятиро ба суди ноҳияи Ёвон фиристодааст.

Ёдовар мешавем, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29 апрел дар манзили истиқоматиаш дар ҳоли ба дор овехта шудан, пайдо карда шуд. Наздикон писарбачаро аз гиреҳ гирифта, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян кард, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, писарбачаро таҳқиру дашном дода, ба хотири гирифтани гувоҳӣ латту куб намудааст. Ба қавли тафтишот, ноболиғ баъди муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.