Квотаҳо барои таҳсили донишҷӯйёни тоҷик дар Миср имсол истифода намешаванд

spot_imgspot_img

Дата:


Вазири маориф Нуриддин Саидов 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бинобар носуботии сиёсӣ дар Миср, Тоҷикистон имсол тасмим гирифтааст, аз квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Миср истифода накунад.

Қаблан 12 нафар донишҷӯён ҳамасола иборат аз баҳри таҳсил ба Миср сафар мекарданд. Донишҷӯён асосан аз рӯйи се ихтисос, шомили минтақашиносӣ, забоншиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ба макотиби олии Миср дохил шудаанд.

Тавре вазир тавзеҳ дод: «Бар пояи вазъе, ки имрӯзҳо дар Миср ба мушоҳида мерасад, мо наметавонем донишҷӯёнамонро барои таҳсил сафарбар кунем. Мо набояд ҳаёти онҳоро зери хатар гузорем».

Дар маҷмӯъ, бино ба иттилоъи вазорати маориф, соли гузашта 1269 донишҷӯй тариқи квотаҳо барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки имсол чӣ теъдод донишҷӯй фиристода мешавад. Дар ҳоли ҳозир вазорат дар мавриди квотаҳо ба Беларус ва Украина ба мувофиқа омадааст. Ба донишгоҳҳои Беларус 30 ва ба Украина 20 донишҷӯй фиристода мешаванд.

«Дар чаҳорчӯбаи созишнома дар бораи ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аллакай 800 нафар аз ҳисоби буҷаи давлат барои таҳсил дар макотиби олии ФР роҳхат гирифтаанд. Озмуни дохилшавӣ ба 16 донишгоҳи ФР идома дорад», – иброз дошт Саидов.

Тибқи омори вазорат, Ҷумҳурии мардумии Чин имсол барои таҳсили ҷавонони тоҷик 135 ҷой ҷудо кардааст. Инчунин дар аввали сол аз 94 довталаб, 72-тояшон раводид гирифтанд ва барои таҳсил ба Эрон равон карда шуданд. Барои таҳсил дар ин кишвар боз 250 ҷойи холӣ мондааст.

Ёдрас мекунем, ки вазъияти Қоҳира баъд аз силсилаи бенизомиҳои созмондодаи ҷонибдорони ҷунбиши «Ихвонулмуслимин» ва собиқ раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ дар шимоли нимҷазираи Сино, дар дигар шаҳру музофотҳои Миср якбора муташанниҷ гардид. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...