Дар шимоли кишвар 6 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд

spot_imgspot_img

Дата:


Дар натиҷаи садамаи нақлиётии шаби гузашта дар шоҳроҳи Истаравшан-Хуҷанд 6 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилои торнамои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Опел-Астра», истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан Худойбердӣ Маъруфови 42-сола қоидаи роҳро ба назар нагирифта, ба шоҳроҳи муқобили ҳаракат мебарояд ва бо автомобили тамғаи «Опел-Астра», ронандааш Маъруфхӯҷа Ашурови 24-сола ба садама дучор мешавад.

Дар натиҷа ронандагони ҳар ду воситаи нақлиётӣ ва мусофирон Абдухолиқ Қодирови 57-сола, Зуҳро Қодироваи 24-сола, Қурбон Назарови 57-сола ва Рахматулло Баротови 41-сола дар ҷойи ҳодиса фавтиданд.

Боз 5 мусофири дигар бо ҷарохатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шуданд.

Популярное

Похожие материалы