Иштирокдорони бозии ниҳоии Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон муайян гардиданд

Дар бозии финалии Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ҷоизаи он 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунанд. Ин аз рӯйи натоиҷи бозиҳои нимниҳоӣ, ки 8-уми июл доир шуданд, маълум гардид. Чӣ тавре ки торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. ССКА «Помир» дар вохӯрии ҷавобӣ низ бар дастаи […]

Аваз Юлдошев


Дар бозии финалии Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ҷоизаи он 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунанд. Ин аз рӯйи натоиҷи бозиҳои нимниҳоӣ, ки 8-уми июл доир шуданд, маълум гардид.

Чӣ тавре ки торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. ССКА «Помир» дар вохӯрии ҷавобӣ низ бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид (бозии аввал – 3:0) ва «Хайр» бо ҷамъи натиҷаҳои бозӣ ба ҳисоби умумии 3:1 тими истравшании «Далерон-Ӯротеппа»-ро шикаст дод.

Пас аз бохти ҳадди ақалл (0:1) дар аввалин бозии нимниҳоӣ тими шаҳри Ваҳдатро барои расидан ба даври ниҳоӣ зарур буд, ки ғолиби мусобиқоти Тоҷикистон миёни дастаҳои бошгоҳи якум дар минтақаи Суғд – дастаи «Ӯротеппа»-ро бо бартарии ду ва зиёда тӯб шикаст диҳад. Футболбозони дастаи «Хайр» аз оғози бозӣ бартариро соҳиб шуда, тӯби аввалро ба дарвозаи ҳариф ворид карданд.

Дар дақиқаи 11-уми вохӯрӣ нишонзан Мирзобек Мирзоев ҳисобро кушод. Тими Ваҳдат ҳуҷум дар дарвозаи «Ӯротеппа»-ро идома дода, баъд аз гузашти 33 дақиқа легионер аз Гана Муҳаммад Иброҳим бо дарвозабон як ба як баромада, тӯби дуюмро вориди дарвоза кард. Пас аз сипарӣ шудани 4 дақиқаи дигар ҳимоягар Маҳмадлоиқ Нуриддинов ба ҳуҷум гузашта, бо зарбаи сар ҳисобро ба 3:0 расонид. Пас аз танаффус дастаи Истаравшан хост ҳисобро баробар кунад, аммо то охири бозӣ ба ин муваффақ нашуд.

ССКА «Помир»-и Душанбе барандаи бозии аввали нимниҳоӣ бо ҳисоби 3:0 гардида, дар бозии ҷавобӣ бар тими «Эсхата»-и Хуҷанд 1:0 пирӯз шуд. Тӯби нахустинро дар нимаи аввали бозӣ нимҳимоягар Шамсиддин Қосимов ба дарвозаи ҳариф ворид кард.

Ба ин тариқ, дар бозии ниҳоии Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва ССКА «Помир»-и Душанбе вомехӯранд. Таърих ва маҳалли баргузории бозии ниҳоӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон дертар муайян хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.