Кабирӣ: Агар номзади арзанда ба мақоми раисҷумҳур пайдо нашавад, нерӯҳои мухолифинро роҳбарӣ мекунем

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим дорад, нерӯҳои мухолифини тоҷикро барои иштирок дар интихоботи тирамоҳӣ барои дарёфти маснади раисҷумҳур роҳбарӣ кунад, агар номзади арзандае ба мақоми президентӣ пайдо нашавад. Дар ин хусус раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ охири ҳафтаи гузашта дар Маскав изҳор дошт. Номбурда афзуд: «Агар мо бовар ҳосил кунем, ки интихобот бо риояи қонун ва […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим дорад, нерӯҳои мухолифини тоҷикро барои иштирок дар интихоботи тирамоҳӣ барои дарёфти маснади раисҷумҳур роҳбарӣ кунад, агар номзади арзандае ба мақоми президентӣ пайдо нашавад.

Дар ин хусус раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ охири ҳафтаи гузашта дар Маскав изҳор дошт. Номбурда афзуд: «Агар мо бовар ҳосил кунем, ки интихобот бо риояи қонун ва усули мантиқии муборизаи сиёсӣ ҷараён мегирад, аз чизе ҳарос нахоҳем дошт».

«Мо намехоҳем, ки интихобот ба ҷомеаи мо ҷудоӣ ворид кунад ва халқи мо ба исломиёну дунявиҳо тақсим шаванд», – иброз дошт пешвои ҲНИТ.

Ба андешаи Кабирӣ, ғолиби интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон набояд танҳо ба ҳизби худ такя кунад.

«Мо ҷонибдори он мавқеъ ҳастем, ки командаи ғолиби интихобот бояд 10 дарсад аз шумори ҳамҳизбиёнаш бошад. Умуман, дар командаи раисҷумҳур бояд 40% ҳизбиён кор кунанд ва 60%-и дигар бояд аз доираҳои тиҷориву технократҳо ташаккул ёбад», – таъкид дошт раиси ҲНИТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.