ВКД ҷузъиёти ҳамларо ба филиали бонк дар Файзобод баён дошт

Рӯзи якшанбеи гузашта дар ноҳия Файзобод куштори посбони филиали яке аз бонкҳои калонтарини кишвар ба амал омад. Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод, 7-уми июли соли равон, тахминан соати 18:05 дақиқа шахсони номаълум вориди бинои филиали «Агроинвестбонк», воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Файзобод […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи якшанбеи гузашта дар ноҳия Файзобод куштори посбони филиали яке аз бонкҳои калонтарини кишвар ба амал омад.

Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод, 7-уми июли соли равон, тахминан соати 18:05 дақиқа шахсони номаълум вориди бинои филиали «Агроинвестбонк», воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Файзобод шуда, посбон – милитсионери шӯъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Шӯъбаи ВКД дар ин ноҳия, сержанти калони милитсия Шерализода Раҳмонхӯҷаро, ки адои хизмат мекард, бо яроқи оташфишони хизматиаш тамғаи АКС ба ҳалокат расонидаанд. Шахсони номаълум бо олоти бурандаи номаълум дари сандуқи оҳанини (сейф) хазинаро кӯшиши буридан карданд, аммо онро кушода натавониста, яроқи оташфишони мазкурро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Оид ба ҷинояти мазкур мутобиқи моддаҳои 104 қисми 2, банди «и» (Одамкушӣ) ва 249 қисми 4 банди «в» (Роҳзанӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бо фармони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, муовини вазир роҳбари гурӯҳ мебошад. Сардорони раёсатҳои дахлдори ВКД барои кушодани ин ҷиноят сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.