Зарифӣ доираҳои тиҷорию саноатии Зеландияи Навро ба ҳамкорӣ даъват кард

Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ д ар доираи сафари расмии худ ба Зеландияи Нав 8-уми июл дар шаҳри Окланд бо роҳбарияти Намояндагии тиҷоратии ин кишвар – New Zealand Trade and Enterprise NZTE ва намояндагони ширкатҳои бузурги  Зеландияи Нав  мулоқот анҷом дод. Тибқи маълумоти раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ ҷониби Зеландияи […]

Аваз Юлдошев


Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ д


ар доираи сафари расмии худ ба Зеландияи Нав 8-уми июл дар шаҳри Окланд бо роҳбарияти Намояндагии тиҷоратии ин кишвар – New Zealand Trade and Enterprise NZTE ва намояндагони ширкатҳои бузурги 


Зеландияи Нав 


мулоқот анҷом дод.

Тибқи маълумоти раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ ҷониби Зеландияи Нав оид ба имкониятҳои тиҷоратӣ-иқтисодии кишвараш маълумоти муфассал пешниҳод карда, самтҳои эҳтимолии ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратии дуҷонибаро муаррифӣ сохт. Инчунин ҷиҳати барқарор кардани ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, сайёҳӣ ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ҳавасмандӣ иброз гардид.

Ба ғайр аз ин, намояндагони Зеландияи Нав омодагии худро ҷиҳати табодули таҷриба дар истеҳсоли энергияи барқароршаванда, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва гӯштӣ таъкид сохтанд.

Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии ҶТ роҷеъ ба имкониятҳои Тоҷикистон дар бахшҳои номбаршуда маълумоти пурра пешниҳод карда, доираҳои тиҷорию саноатии Зеландияи Навро ба ҳамкорӣ даъват кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.