Шӯрои ҳамоҳангсоз ва машваратии Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» 13-уми июл дар нишасти навбатӣ мушкилоти мубрами муҳољиронро муҳокима ва баррасӣ мекунад.
Тавре дар торнамои расмии ин Ҳаракат оварда шудааст, дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба пардохт накардани музди меҳнат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, баррасии шикоятҳои марбут ба муттаҳам кардани муҳоҷирон ба ҷиноятҳое, ки онҳоро содир накардаанд, омодагӣ ба даъвати Анҷумани байналмилалии «Тоҷикистон, мо фарзандони ту ҳастем», иштироки шаҳрвандони дар хориҷбудаи Тоҷикистон дар интихоботи раиҷумҳури Тоҷкистон ворид карда шудаанд.
Илова бар он зикр мегардад, маълумотдиҳӣ ба мақомоти феълии Тоҷикистон шароити будубоши миллионҳо шаҳрвандони берун аз кишвар вазифаи асосии Анҷумани байналмилалии «Тоҷикистон, мо фарзандони ту ҳастем» мебошад. Анҷуман 21-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад. Ба назари созмондиҳандагони ин чорабинӣ, Анљуман бояд заминае барои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад, ки вазифаи он ба сари қудрат овардани сиёсатмадорони арзанда, беғараз ва масъул дар Тоҷикистон мебошад.


