Cуғд: Ҳалокати кӯдаки 11-сола аз беэҳтиётии ронанда

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари беэҳтиётии ронанда як кӯдаки 11-сола ба ҳалокат расид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди мавзеи Чорбоғ ронандаи автомашинаи боркаши «МАЗ-5545» сокини 22-солаи ноҳияи Истаравшан Сиёҳиддин Қӯқибоеви 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари беэҳтиётии ронанда як кӯдаки 11-сола ба ҳалокат расид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди мавзеи Чорбоғ ронандаи автомашинаи боркаши «МАЗ-5545» сокини 22-солаи ноҳияи Истаравшан Сиёҳиддин Қӯқибоеви 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашина Санҷар Бобоеви 11-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи панҷ моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 114 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 95 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 45 нафар ҳалок (5 моҳи соли 2012 – 46 нафар) ва 119 нафар (5 моҳи соли 2012 – 96 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар ҳамин давра бо иштироки кӯдаон 23 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2012 – 21 ҳодиса) рух дода, дар натиҷаи он 10 нафар кӯдакон ҳалок (соли 2012 – 6 нафар) ва 15 нафар (соли 2012 – 16 нафар) ҷароҳат бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.