Кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундуз

Зимни як амалиёти пулиси афғон дар вилояти Қундуз шаҳрванди Тоҷикистон Башир Аҳмад ва ҳафт тан аз ҷангиёни маҳаллӣ кушта шуданд. Бино ба иттилои хабаргузории Афганистан.Ру, ин воқеъа рӯзи 14-уми июл дар вулусволии Имом-Соҳиби вилояти минтақаи шимоли Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи сухангӯи мақомоти пулиси вилояти Қундуз Сарвар Ҳусейнӣ,  даргирии мусаллаҳона миёни ҷангиёни мусаллаҳи мухолиф […]

ASIA-Plus


Зимни як амалиёти пулиси афғон дар вилояти Қундуз шаҳрванди Тоҷикистон Башир Аҳмад ва ҳафт тан аз ҷангиёни маҳаллӣ кушта шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории Афганистан.Ру, ин воқеъа рӯзи 14-уми июл дар вулусволии Имом-Соҳиби вилояти минтақаи шимоли Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи сухангӯи мақомоти пулиси вилояти Қундуз Сарвар Ҳусейнӣ,  даргирии мусаллаҳона миёни ҷангиёни мусаллаҳи мухолиф ва мақомоти пулиси афғон муддати 3 соат давом кардаааст, ки аз ҷониби ҷангиён шаҳрванди Тоҷикистон Башир Аҳмад низ муқовимат нишон додааст.

Гуфта мешавад, пас аз ҳуҷуми навбатии ҷангиёни мухолиф ба қатори автомашинаҳои пулис, дар бораи баргузор намудани ин амалиёт тасмим гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон айни замон ин маълумот мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.