«Тоҷикстандарт» манъи воридоти нақлиёти бузургвазнро пешниҳод мекунад

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо Вазорати нақлиёт манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти боркаши бузургвазнро пешниҳод намуданд, ки ба роҳҳои мошингарди Тоҷикистон мутобиқ нестанд. Муовини аввали директори Агентии мазкур Ибодулло Қурбонов дар ин робита изҳор кард, ки роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон ба автомашинаҳои боркаши вазнашон аз 40 тонна зиёд […]

Меҳрангез Турсунзода


Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо Вазорати нақлиёт манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти боркаши бузургвазнро пешниҳод намуданд, ки ба роҳҳои мошингарди Тоҷикистон мутобиқ нестанд.

Муовини аввали директори Агентии мазкур Ибодулло Қурбонов дар ин робита изҳор кард, ки роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон ба автомашинаҳои боркаши вазнашон аз 40 тонна зиёд (бо бор ё бидуни он) пешбинӣ нашудаанд, вале чанде аз автомашинаҳои боркаше, ки ба Тоҷикистион ворид карда шудаанд, баъзан бо бори вазнаш беш аз 70 тонна равуо мекунанд.

Ба қавли вай, автомашинаҳои боркаши вазни умумиашон беш аз 40 тонна ва борбардории меҳвариашон 10 тонна воситаҳои нақлиёти бузургвазн шуморида мешаванд. «Чунин автомашинаҳо аллакай ворид гардида, баргардонидани онҳо мувофиқи мақсад нест, аз ин рӯ, «Тоҷикстандарт» дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Донишгоҳи техникӣ ва Вазорати нақлиёт ба хулосае расиданд, ки дар ин самт асноди меъёрӣ омода созанд, то ки онҳо бо бори камвазнтар ҳаракат кунанд», – иброз дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати назорати давлатии риояи талаботи меъёр ва сифати маҳсулот Нарзулло Шарифов қайд кард, ки дар фасли гармо автомашинаҳои боркаши бузургвазн бояд танҳо шабона ҳаракат кунанд, зеро ба андешаи ӯ, вақте ҳарорат ба 45 дараҷа гармӣ мерасад, сарфи назар аз сифат, роҳ осебпазир буда метавонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.