Кӯлоб: Интиқоли беш аз 29 млн. $ маблағи пулӣ дар ним сол

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба бонкҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз хориҷи кишвар 29 млн. 230 ҳазор доллари ИМА, 1 млрд. 794 млн. 187 ҳазор рубли русӣ ва 12 ҳазору 276 евро маблағи пулӣ интиқол шудааст. Мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Сафар Саидов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, […]

Турко Дикаев


Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба бонкҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз хориҷи кишвар 29 млн. 230 ҳазор доллари ИМА, 1 млрд. 794 млн. 187 ҳазор рубли русӣ ва 12 ҳазору 276 евро маблағи пулӣ интиқол шудааст.

Мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Сафар Саидов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки имрӯз дар минтақа филиалҳои 13 бонк, 50 нуқтаи муболилаи асъор ва 67 нуқтаи интиқоли воситаҳои пулӣ фаъолият доранд.

Ба қавли вай, дар зарфи ним сол бонкҳо ба маблағи 135 млн. 412 ҳазору 500 сомонӣ қарз пешниҳод кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 млн. сомонӣ бештар буда, ин ҳам аз таҳкими эътимоди мардум ба муассисаҳои қарздиҳӣ гувоҳӣ медиҳад.

Сафаров ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра аз муомилот ба маблағи умумии 6 млн. 995 ҳазор сомонӣ пулҳои корношояму фарсуда иваз карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.