Филиали ширкати байнулмилалии Innovative Road Solutions (IRS), ки ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе-Чанак дар Тоҷикистон машғул аст, ба сохтмони нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар ҷумҳурӣ оғоз кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкат, бо мақсади бо барқи доимӣ таъмин намудани иншоотҳои роҳи автомобилгарди толлингии Душанбе-Чанак, бахусус дар қитъаҳои зертобеи намояндагии минтақавии Варзоб аз буҷа барои сохтмони як нерӯгоҳи барқии обии хурд дар километри 64-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак бо иқтидори 200 кВт 600 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.
«Нерӯи барқе, ки дар ин истгоҳ истеҳсол хоҳад шуд, барои ба таври доимӣ бо барқ таъмин намудани нақбҳои «Дӯстӣ» ва «Истиқлол», инчунин плазаи толлингии «Майхӯра» истифода мегардад. Бақияи нерӯи барқ метавонад барои таъмини аҳолии мавзеи Панҷхок ва ҷамоати Зиддеҳ бо барқ истифода шавад», – зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти ширкат.
Гуфта мешавад, корҳои лоиҳакашӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо анҷом ёфта, пудратчӣ корҳои сохтмониро оғоз ва айни замон дар мавзеи сохтмон бунёди иншооти нигоҳдории об барои интиқоли минбаъдаи он тавассути қубурҳо шурӯъ шудааст. «Ҳамчунин ба маҳали сохтмон миқдори муайяни қубурҳо низ интиқол дода шуда, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд», – баён мегардад дар хабар.
Ёдрас мекунем, ки механизми толлингии идораи зербинои роҳи мошингарди Душанбе-Чанак 31-уми марти соли 2010 расман ҷорӣ шуд. Механизми мазкур таҳти идораи филиали ширкати бритониёии Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон қарор дорад. Айни замон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанак 7 плазаи толлингӣ – «Варзоб», «Ҳушёрӣ», «Майхӯра», «Шаҳристон», «Истаравшан», «Деҳмой» ва «Чорух» фаъолият доранд.



