Осеби ду тоҷик дар садамаи нақлиёти вилояти Маскав

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар медиҳад, ки миёни 64 нафаре, ки аз садамаи бузургу даҳшатбори нақлиёт дар ноҳияи Подолски вилояти Маскав осеб диданд, ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамот Иброҳим Аҳмадов хабар дод, инҳо – сокинони Кӯлоб, Анвари Қудратуллои 23-сола ва Беҳрӯз Эгамови […]

Аваз Юлдошев


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар медиҳад, ки миёни 64 нафаре, ки аз садамаи бузургу даҳшатбори нақлиёт дар ноҳияи Подолски вилояти Маскав осеб диданд, ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамот Иброҳим Аҳмадов хабар дод, инҳо – сокинони Кӯлоб, Анвари Қудратуллои 23-сола ва Беҳрӯз Эгамови 26-сола буда, аввалӣ дар беморхонаи №12 ва дигарӣ дар беморхонаи 7-и шаҳри Маскав қарор доранд ва вазъи солимиашонро табибони дармонгоҳҳо қаноатбахш арзёбӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта каме дуртар аз деҳаи Ознобишинои ноҳияи Подолски вилояти Маскав як автомашинаи боркаши тамғаи КамАЗ-и пур аз шағал ба автобуси мусофирбар бархӯрда, бар асари зарба автобус ба ду қисмат пора шуд. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиёт 18 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.