ФБД: Хизматгузорӣ ба беш аз 600 ҳазор нафар мусофирон

Тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба 3431 адад рейсҳои доимӣ, 358 ҳазору 339 нафар мусофири рафта ва ба 242 ҳазору 088 мусофири омада хизмат расонида шудааст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти фурудгоҳ, дар ин давра миқдори умумии бор ва почтаи қабулкарда ва интиқолдода 1345 тоннаю 675 кг-ро ташкил кардааст. «Дар давраи […]

ASIA-Plus


Тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба 3431 адад рейсҳои доимӣ, 358 ҳазору 339 нафар мусофири рафта ва ба 242 ҳазору 088 мусофири омада хизмат расонида шудааст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти фурудгоҳ, дар ин давра миқдори умумии бор ва почтаи қабулкарда ва интиқолдода 1345 тоннаю 675


кг-ро ташкил кардааст.

«Дар давраи ҳисоботӣ хадамот ва шӯъбаҳои фурудгоҳ мутобиқи меъёрҳои муайяншуда амал намуда, амнияти авиатсионӣ, амнияти  мусофирон, бор ва бағочро пурра таъмин ва мутобиқи талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи меъёрҳои байналхалқӣ амнияти пурраи авиатсионӣ тавассути воситаҳои гуногуни муоинаи мусофир, бор ва бағоч, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ таъмин карда шуд», – зикр мегардад дар маълумотномаи фурудгоҳ..

Гуфта мешавад, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, такмили маҳорату малакаи касбии кормандон, беҳтар ва пурзӯр кардани низоми амният, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, пурзӯр кардани назорат нисбати пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави ҷумҳурӣ ва сарфаю сариштакорӣ афзалиятҳои асосии рушди фурудгоҳи Душанбе ба ҳисоб мераванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.