Боздошти Додоҷон Атовуллоев дар фурудгоҳи Маскав

Чанд соат қабл дарҳол пас аз фуруд омадан ба майдони ҳавоии Шереметевои Маскав аз Прага пешвои созмони мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев боздошт шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Дориюши Раҷабиён, ки дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад, бо такя ба сарчашмаҳои худ дар шаҳри Маскав хабар дод. Ба қавли ӯ, айни замон […]

ASIA-Plus


Чанд соат қабл дарҳол пас аз фуруд омадан ба майдони ҳавоии Шереметевои Маскав аз Прага пешвои созмони мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев боздошт шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Дориюши Раҷабиён, ки дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад, бо такя ба сарчашмаҳои худ дар шаҳри Маскав хабар дод.

Ба қавли ӯ, айни замон Атовуллоев дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатии шаҳри Маскав қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, 12 соат қабл дар саҳифаи худ дар Facebook Атовуллоев аксҳои тоза аз шаҳри Прагаро ба маърази тамошо гузошта буд.

Қобили зикр аст, ки журналисти тоҷик ва роҳбари ҳаракати мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев бо интиқоди шадид аз ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон маъруфият касб кардааст. Солҳои ахир ӯ дар Русия ва Олмон зиндагӣ дорад.

Соли 2011 Прокуратураи генералии Тоҷикистион бори навбатӣ нисбати Д.Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуда, истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро тақозо намуд, вале ин дархост низ ба мисли дархостҳои пешин аз ҷониби Русия ба инобат гирифта нашуд.

Дар ҳамин ҳол, нимаи моҳи майи соли равон дар шабакаи телевизионии «К+» ва видеохостинги YouTube сабти видеоӣ аз маъракаи тӯйи хонадоршавии писари президенти Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Муаллифи барнома Додоҷон Атовуллоев ва сабти видеоиро ӯ шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.