Осеби ду тоҷик дар садамаи нақлиёти вилояти Маскав


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар медиҳад, ки миёни 64 нафаре, ки аз садамаи бузургу даҳшатбори нақлиёт дар ноҳияи Подолски вилояти Маскав осеб диданд, ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамот Иброҳим Аҳмадов хабар дод, инҳо – сокинони Кӯлоб, Анвари Қудратуллои 23-сола ва Беҳрӯз Эгамови 26-сола буда, аввалӣ дар беморхонаи №12 ва дигарӣ дар беморхонаи 7-и шаҳри Маскав қарор доранд ва вазъи солимиашонро табибони дармонгоҳҳо қаноатбахш арзёбӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта каме дуртар аз деҳаи Ознобишинои ноҳияи Подолски вилояти Маскав як автомашинаи боркаши тамғаи КамАЗ-и пур аз шағал ба автобуси мусофирбар бархӯрда, бар асари зарба автобус ба ду қисмат пора шуд. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиёт 18 нафар ҷони худро аз даст доданд.

spot_imgspot_img

Популярное