Санаи 14-уми июл Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Восеъро, ки аз президенти кишвар барои сохтмони масҷиди нави барҳаво ҷудо кардани қитъаи заминро дархост намуда буд, аз мансаб сабукдӯш кард.
«Мо дар бинои хусусӣ масҷид дорем, вале он ба ҳеҷ гуна меъёр ҷавобгӯ нест. Гузашта аз ин, он дар 1,5 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст», – зикр кард дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сархатиб Убайдулло Ҳасанов.
Ӯ ҳамчунин сабаби ба президент муроҷиат карданаш дар бораи ҷудо кардани қитъаи заминро низ шарҳу тавзеҳ дод: «Зимни мулоқот бо олимону ходимони дин ва аҳли ҷомеа санаи 4-уми июл президент хоҳиш кард, ки аз таърифу тавсифи ӯ даст кашида, таклифҳои мушаххас пешниҳод намоем».
Ба қавли вай, дар оғози суханрониаш шеъри худ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллиро қирроат намуда, сипас аз сарвари давлат дархост намудааст, ки барои сохтмони масҷиди нави марказии ноҳия қитъаи замин ҷудо карда шавад, зеро дар масҷид ҳудуди 5 ҳазор нафар ибодат мекунанд, вале муддати 6 сол онҳо на дар масҷид, балки дар бинои хусусӣ ибодат ба ҷо меоранд.
«Рӯзҳои иди Рамазону Қурбон ин мушкилӣ баръало эҳсос гардида, назди бино автомашинаҳои зиёде ҷамъ мешаванд ва ҷойи мошинмонӣ ҳам наметавон пайдо кард. Масҷидҳои дигар низ мавҷуданд, вале онҳо аз маркази ноҳия, макони сераҳолитарин хеле дур ҷойгиранд», – мегӯяд мулло Абдулло.
Номбурда зикр кард, ки пас аз суханронии ӯ президент ба раиси ноҳияи супориш дод, ки барои сохтмони масҷид қитъаи замин ҷудо гардида, ба бинокорон дар тарҳи меъмории бино кӯмак расонида шавад.
«Аммо рӯзи 14-уми июл Кумитаи умури дини ноҳия тамоми имомхатибонро даъват намуда, тасмим гирифтаанд, ки маро аз кор озод кунанд, зеро ба қавли онҳо, дар ноҳия масҷид амал дошта, сархатиб ба президент маълумоти носаҳеҳ пешниҳод намудааст», – афзуд Убайдулло Ҳасанов.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар як ноҳия як сархатиб интихоб шуда, ӯ аз болои фаъолияти имомхатибон назорат мекунад ва ин ин номзад аз ҷониби Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ тасдиқ карда мешавад. Кумитаи умури дин танҳо тибқи мувофиқа бо имомхатибони ноҳия метавонад сархатибро аз мансаб сабукдӯш созад.



