Дар Қӯрғонтеппа таҷдиди шабакаи гармидиҳӣ пешбинӣ шудааст

spot_imgspot_img

Дата:


Роҳбарияти шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтушунидро оиди барқарор кардани шабакаи гармидиҳии шаҳр оғоз кардааст. Дар ин хусус раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.

– Мо баҳри барқарор кардани системаи гармидиҳии шаҳр бо Бонки Рушди Аврупо гуфтушунидро оғоз кардаем. Аллакай, як марҳилаи гуфтушуниди мо доир гардид ва бисёре аз масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор додем. Шояд аз соли оянда корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ оғоз шаванд, – гуфт Самиев.

Ба қавли ӯ,  баъд аз солҳои навадуми асри гузашта шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ба пуррагӣ фалаҷ гардида, тамоми иншоотҳои он хусусӣ гардонида шуданд. Ҳамзамон қубурҳои оби гарм дар зери замин пӯсидаю фарсуда шуданд.

«Акнун мо шабакаҳои гармидиҳии шаҳро аз нав месозем. Дар мулоқоте, ки бо намояндагони Бонки Рушди Аврупо доштем, пешниҳод кардем, то дар ҳар як бинои баландошёна системаи гармидиҳии индивудиалиро ба роҳ бимонем, лекин танҳо бо қувваи барқ. Ман шахсан намехоҳам, системаи гармидиҳии шаҳр бо истифода аз ангишт бошад, зеро аз он ҳифзи муҳити зисти шаҳр халадор мешавад. Шаҳри мо шаҳри хурд аст ва онро бояд тозаю озода нигоҳ дорем», – гуфт дар поёни сӯҳбаташ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...