Kont Bank иттилои уҳдадории анҷоми сохтмони иншооти «Мовароуннаҳр»-ро рад мекунад

Kont Investment Bank иттилои ба зиммаи худ гирифтани анҷоми сохтмони ду иншоот аз иншооти сохтмонаш нотамоми ширкати «Мовароуннаҳр»-ро, ки рӯзи 20-уми май аз ҷониби суди ноҳияи Синои пойтахт аз ҳабс озод карда шуданд, рад кард. Чӣ тавре ки сухангӯи ҶСП «Холдинг Контргрупп Тоҷикистон» Далери Абдулло ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, дарвоқеъ ҳам […]

ASIA-Plus


Kont Investment Bank иттилои ба зиммаи худ гирифтани анҷоми сохтмони ду иншоот аз иншооти сохтмонаш нотамоми ширкати «Мовароуннаҳр»-ро, ки рӯзи 20-уми май аз ҷониби суди ноҳияи Синои пойтахт аз ҳабс озод карда шуданд, рад кард.

Чӣ тавре ки сухангӯи ҶСП «Холдинг Контргрупп Тоҷикистон» Далери Абдулло ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, дарвоқеъ ҳам бо ташаббуси намояндагони ширкати «Мовароуннаҳр» мулоқоти ҷонибҳо баргузор шудааст.

«Намояндагони бонкро ҳамчун мизоҷони муқаррарӣ роҳбари бонк ба ҳузур пазируфт. Онҳо пешниҳодоти худ бобати ба итмом расонидани сохтмони чанде аз иншооти сохтмонаш нотамомро ироа доштанд, ки мо онҳоро ҳатто барррасӣ ҳам карданӣ нестем», – зикр кард Д.Абдулло.

Номбурда таъкидл сохт, ки маълумот дар бораи гӯё аз ҷониби бонк

уҳдадор шудан

ба анҷоми сохтмони ду иншооти нотамоми ширкати «Мовароуннаҳр» асоси воқеъӣ надорад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки онҳо рӯзи 15-уми июл бо мақомоти раҳбарии Kont Investment Bank дар Душанбе  гуфтушунид анҷом дода шуда, онҳо ба зимма гирифтани анҷоми сохтмони ду иншооти манзилҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исмоили Сомониро дархост намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки муддати беш аз 2 сол амволи ғайриманқули ширкати «Мовароуннаҳр» таҳти ҳабс қарор гирифта, дар ин муддат ҳудуди 600 нафар оилаҳо – саҳҳомони ширкат дар манзили иҷора зиндагӣ ва ба тантанаи адолат талош меварзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.