Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи КамАЗ таҳти идораи сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Боймирзо Боевро боздошт намуданд, ки аз Душанбе ба Хуҷанд раҳсипор буд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни азназаргузаронии автомашина як пинҳонгоҳи махсус ва дар дохили он 20 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.
«Муайян карда шуд, ки ин миқдор маводи нашъаовар моли сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҳоҷӣ Турсунбой Ҳомидов буда, ӯ дар навбати худ баёнот додааст, ки санаи 10-уми июли соли равон сокини шаҳри Хуҷанд Мустақим Сангинов аз ӯ дархост намудааст, ки ба интиқоли 37 кило маводи мухаддири ҳашиш ба Русия тариқи қаламрави Қирғизистон ва Қазоқистон ба ӯ мусоидат намояд», -гуфтанд дар КДАМ.
Ба иттилои манбаъ, зимни як амалиёти махсус М.Сангинов дар Хуҷанд боздошт гардида, зимни кофтуков аз ӯ дарвоқеъ ҳам беш аз 36 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудаст. «Айн замон оид ба ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад», – афзуд сарчашмаи хабар.



