Kont Investment Bank сохтмони ду иншооти «Мовароуннаҳр»-ро ба итмом мерасонад

Kont Investment Bank ба итмом расонидани сохтмони ду иншоот аз ҳашт иншоотии «Мовароуннаҳр»-ро, ки бо қарори суди ноҳияи Сино аз 20-уми май аз ҳабс озод шуданд, ба ӯҳда гирифт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, рӯзи 15-уми июл бо мақомоти раҳбарии бонк гуфтушунид анҷом дода шуда, […]

Маҳпора Киромова


Kont Investment Bank ба итмом расонидани сохтмони ду иншоот аз ҳашт иншоотии «Мовароуннаҳр»-ро, ки бо қарори суди ноҳияи Сино аз 20-уми май аз ҳабс озод шуданд, ба ӯҳда гирифт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, рӯзи 15-уми июл бо мақомоти раҳбарии бонк гуфтушунид анҷом дода шуда, онҳо ба зимма гирифтани анҷоми сохтмони ду иншооти манзилҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исмоили Сомониро дархост намудаанд.

«Дар гуфтушунид бо намояндагони бонк шартҳои ба итмом расонидани сохтмон ва фурӯши минбаъдаи онҳо баррасӣ шуда, маълум гардид, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои ба анҷом расонидани сохтмони ин ду иншоот бонкро лозим аст тақрибан 2 млн. 300 ҳазор доллари ИМА сармоягузорӣ намояд», – иброз дошт Ёров.

Ба қавли вай, пас аз анҷоми сохтмон ҳар кадоме аз саҳҳомони ширкат тахминан 2-3 ҳазор доллари ИМА маблағҳои илдовагӣ пардохт хоҳанд намуд, зеро тӯли се соли қатъи корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур, арзиши масолеҳи сохтмон боло рафт.

«Дар ин иншоот манзилҳое низ мавҷуданд, ки то ҳанӯз умуман молик надоранд ва ин манзилҳо бо нархи барои бонк фоидаовар фурӯхта мешаванд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, нархи 1 метри мураббаъ дар ин иншоот 800-900 доллари ИМА арзиш хоҳад дошт», – гуфт намояндаи ваколатдори саҳҳомони ширкат.

Номбурда ҳамчунин афзуд, барои ба итмом расонидани сохтмони 6 иншооти боқимонда айни замон ширкати «Мовароуннаҳр» сармоягузорон ҷустуҷӯ дорад.

Ёдрас мекунем, ки муддати беш аз 2 сол амволи ғайриманқули ширкати «Мовароуннаҳр» таҳти ҳабс қарор гирифта, дар ин муддат ҳудуди 600 нафар оилаҳо – саҳҳомони ширкат дар манзили иҷора зиндагӣ ва ба тантанаи адолат талош меварзиданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.